Тамдиди санади "будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия"

Сарони идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон прутукул дар бораи тамдиди муддати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳудуди Русияро ба имзо расонданд.
Тибқи ин прутукул, ки рӯзи сешанбеи 29 октябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби Константин Ромодановский ва Сафиулло Девонаев, руасои Идороти муҳоҷирати Русия ваТоҷикистон имзо шуд, муддати иҷозаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 сол то ба 3 сол тамдид шудааст. То ҳол муҳоҷирони кории тоҷик пас аз 1 сол аз Русия хориҷ мешуданд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, ин санади ҳуқуқӣ куллияи атбоъи тоҷикро, ки дар Русия ба ҳама гуна иштиғол машғул ҳастанд, таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши атбоъи тоҷик дар Русияро барои баррасӣ ва тасвиб ба Думои давлатӣ ё порлумони ин кишвар ирсол кардааст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин санади ҳуқуқиро рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ тасвиб карда буд.
Зимнан, ин санадҳои ҳуқуқӣ ба Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи муҳоҷирати корӣ рабт мегирад, ки дар ҷараёни дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта имзо шуда буд.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, феълан дар Русия 660 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик ба сар бурда ва имкон дорад бо фарорасии фасли баҳор теъдоди ин афрод ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёбад.
Ин дар ҳолест, бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия теъдоди атбоъи тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар авохири соли гузашта 1 милюну 60 ҳазор нафар будааст.
Бино ба иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба ин кишвар ба миқдори 3,8 милёрд дулор сармоя ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли 2011 беш аз 20 сад бештар будааст.
Гуфта мешавад, маболиғи интиқолӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузашта 47 дар сади Маҳсулоти Нохолиси Миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.
