Идомаи хушунатҳо алайҳи муҳоҷирон дар Русия

Аз Русия хабар мерасад, ки ахиран дар Сан-Питерсбург ду муҳоҷир, дар ду ҳодисаи ҷудогона мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Расонаҳои Сан-Питерсбург хабар медиҳанд, ки яке аз қурбониён шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон будааст, ки шаби 28-уми октябр бо ҷароҳатҳои сангин ба Фарҳангистони пизишкии низомӣ мунтақил шуд.
Ӯ гуфтааст, фарде номаълум ба ӯ бо корд дар наздикии манзилаш дар хиёбони Иван Черних ҳамла кардааст.
Дирӯз, 29-уми октябр низ як муҳоҷири 23-сола, ки ҳуввияташ ба пуррагӣ мушаххас нест, ба бемористони Александри шаҳри Сан-Питерсбург мунтақил шуд. Ин муҳоҷир низ гуфта, фарде номаълум бо корд ба ӯ ҳамла ва ӯро захмӣ кардааст.
Гузоришҳои мабнӣ бар ҳамлаҳо ба муҳоҷирон дар Русия дар ҳоле мерасанд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои нажодпарасти рус дар Русия бо шиъорҳои "Русия фақат барои русҳо" алайҳи муҳоҷирон корзорҳо ва гирдиҳамоиҳои эътирозӣ барпо мекунанд.
Қазияҳои ҷиноӣ, ки дар онҳо муҳоҷирон дахиланд, зуд мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ножодпараст қарор гирифта ва боиси даъвати онҳо аз мардум барои эътироз алайҳи ҳузури муҳоҷирон дар Русия мешаванд.
Ахиран дар яке аз истгоҳҳои метрои Маскав корзори ба истилоҳ "Қатори сафед" сурат гирифт, ки дар ҷараёни он гурӯҳе аз миллатгароён ҳар қатори метроро бо шиъорпартоиҳои нажадпарастона алайҳи муҳоҷирон "истиқбол" мекарданд.
Як навори видиюе аз ҷараёни ин корзор, ки тавасссути телефуни мобил забт шуда дар сойти Ютюб нашр шудааст.
Дар он мебинем, ки корзочиён ба ҷуз аз шиъорпартоӣ машғули ҳамла ва лату кӯби ҳар фарде дар ин истгоҳ ҳастанд, ки ба назари муътаризони миллатгаро ғайрирус ба назар мерасад.
Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ дар Русия беш аз як милюн шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад ва маболиғе, ки онҳо ба ин кишвар мунтақил мекунанд, баробари 47 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
