Масъулони роҳи оҳан ҳамлаи миллатгароён ба қаторро таъйид карданд

Мақомоти ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳамлаи миллатгароёни рус ба қатори мусофирбари “Маскав-Душанбе”-ро таъйид карда ва гуфтанд, ки аз ҷониби Русия ғаромати хисороти ношӣ аз ин қазияро тақозо хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта мақомоти ин ширкат ҳамла ба қатори мусофирбари Тоҷикистонро дар ҳудуди Русия такзиб карда ва иброз доштанд, ки кӯдакони рус ба сӯйи вогунҳо санг андохта ва шишаҳои бархе аз вогунҳоро шикастаанд. Онҳо гуфтанд, ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ надорад.
Аммо Владимир Собкалов, муъовини аввали ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” рӯзи сешанбеи 29 октябр гуфт, ки шаби шанбеи 26 октябр дар истгоҳи роҳи оҳани Терновка, дар қисмати ҷанубу шарқии роҳи оҳани Русия ҳудуди 20 нафар ба қатори масири Маскав-Душанбе ҳамла кардаанд.
Ӯ гуфт, дар натиҷаи ин ҳамла шишаи 20 тирезаи вогунҳо пора шуда ва бархе аз мусофирон ҷароҳати сабук бардоштаанд.
Рӯзи 27 октябри соли ҷорӣ қатори масири Маскав-Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ дар қаламрави Русия мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст.
Интизор меравад, рӯзи оянда қатори "Маскав-Душанбе" вориди Душанбе шавад.
Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ҳамла ба қатори мусофирбари Тоҷикистонро дар ҳудуди Русия маҳкум карда ва аз ниҳодҳои зирабти Русия хостааст, то ин қазияро ҷиддӣ бозрасӣ кунанд.
Ба эътиқоди бархе коршиносон, мумкин аст дар ин ҳамла миллатгароёни рус даст дошта бошанд, ки дар моҳи ҷорӣ борҳо ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳамла кардаанд.
Дар пайи кушта шудани Егор Шербакови 25-сола дар ноҳияи Бирюлевои Маскав дар авосити моҳи ҷорӣ, ки мунҷар ба беназмии сокинони ин минтақа шуда ва чанд тан аз афроди пулис захмӣ шуд, дар ҷомеъаи Русия мавзӯъи иттихози тадобири сахтгирона дар қиболи муҳоҷирони корӣ дубора матраҳ гардид.
Дар ҳамин ҳол, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари "Амнести Интерншенл", зимни як баёния ҳодисаи боздошти 1,2 ҳазор муҳоҷири корӣ дар ноҳияи Бирюлевои Маскавро "сиёсати табъизомези давлати Русия" хондааст.
Ба дунболи кушта шудани Егор Шербаков аз ҷониби як табаъаи Озарбойҷон пулис садҳо тан аз муҳоҷиронро дар маҳалли корашон боздошт карда ва дар Русия эҳсосоти "зидди муҳоҷирон" боло гирифт.
Аз ҷумла, мавориди ҳамла ба муҳоҷирони корӣ афзоиш ёфта ва дар шаҳри Маскав ду табаъаи ӯзбак ва озарӣ ба дасти миллатгароёни рус кушта шуданд.
Аз сӯйи дигар, Игор Лебедев, муъовини раиси Думои давлатӣ ё порлумон ва як тан аз масъулони Ҳизби либерол-демукроти Русия аз Дмитрий Медведев, нахуствазири кишвар хост, то барои интиқоли маболиғи муҳоҷирони корӣ ба кишварҳояшон мораторий эълом кунад, то ба ин васила муҳоҷирони корӣ водор ба тарки Русия шаванд.
Алексей Навалний, як тан аз мухолифони давлати Русия, ба навбаи худ маъракаи ҷамъоварии имзо барои ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро оғоз кардааст.
Қаблан, бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва Думои давлатии Русия ба манзури ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ хостори ҷорӣ кардани визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда буданд.
Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар ҳафтаи гузашта ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар раванди ҳамгироии кишварҳои собиқи шӯравӣ нораво хонда ва иброз дошт, ин амр метавонад кишварҳои узви Иттиҳоди Мамолики Мустақили Ҳамсудро аз Русия дур кунад.
