Сонеҳаи қатори мусофирбарии Тоҷикистон дар Узбакистон

Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гурӯҳе аз масъулонро барои таҳқиқи сонеҳаи қатори Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Узбакистон ба он кишвар эъзом кардааст.
Дар пайи ин сонеҳа, ки дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах, дар роҳи байни Ҷиззах ва Самарқанд рух додааст, панҷ вогуни мусофирбарии ин қатор аз масир хориҷ шудаанд.
Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ин ҳодиса 33 нафар, ки ҳамагӣ низомӣ будаанд, осеб дидаанд. Аммо ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Вай гуфт, ки инҳо аз ҷумлаи 200 нафар аз афсарон ва тозасарбозоне буданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, сафар мекарданд.
Пештар Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, як масъули умури ҳамлу нақли мусофирон дар ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", гуфта буд, ки дар ин ҳодиса 12 нафар осеб дидаанд.
Манобеъи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ки баъд аз дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи вуқуъи ин сонеҳа изҳори назар хоҳанд кард.
Зимнан, манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистон бо ҳам танҳо тавассути қаламрави Узбакистон роҳи оҳан доранд. Ва ба ин далел қаторҳои борбар ва мусофирбари Тоҷикистон ночоранд аз ҳудуди ин кишвари ҳамсоя убур кунанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир аз вуқӯъи сонеҳаи ҷиддӣ бо ширкати қаторҳои тоҷикистонӣ гузориш нашуда буд.
Аз сӯйи дигар, "муҳосираи иқтисодии Узбакистон" ва коҳиши теъдоди мусофирони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба лағви бархе аз масирҳои роҳи оҳани ин ширкат мунҷар шудааст.
