Тарҳи роҳи оҳани "Ваҳдат-Ёвон" ба сармояи бештар ниёз дорад

Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯяд, ки бунёди тунелҳо ва пулҳои иртиботӣ дар роҳи оҳани масири Ваҳдат-Ёвон ба сармояи хориҷӣ ниёзманд аст.
Ба гуфтаи Асрор Нозимов, раиси Идораи роҳу иртибототи ин ширкат, дар ин масир бояд 3 тунел ва 5 пули иртиботӣ сохта шавад, ки барои иҷрои ин амр маболиғи ҳангуфте лозим аст.
Оқои Нозимов гуфт, ки то ҳол барои корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" 152 милюн сомонӣ ё беш аз 30 милюн дулори омрикоӣ сармоя ихтисос дода, аммо ба далели "таҳрими иқтисодии" Узбакистон ва коҳиши мизони боркашию мусофирбарӣ ин ширкат имкони тахсиси сармояи бештаре ба ин тарҳро надорад.
Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар нишасте хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чин дар моҳи майи соли ҷорӣ дар заминаи тахсиси вомҳо барои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон тавофуқи усулӣ ба даст омада буд.
Оқои Ҳукуматулло гуфт, ки қарор аст дар ҳафтаи оянда як ҳайъат аз созмонҳои молии Чин вориди Тоҷикистон шуда ва бо ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар бораи тахсиси 27 милюн дулор воми ботахфиф як санади ҳуқуқиро имзо кунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин сармоя барои бунёди 3 тунел ва 5 пули иртиботӣ дар роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон масраф хоҳад шуд.
'Тарҳи сиёсӣ'
Бунёди роҳи оҳани масири Ваҳдат-Ёвон, ки бидуни ворид шудан ба қаламрави Узбакистон Душанберо ба манотиқи ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, 19 марти соли 2009 шурӯъ шуд.
Коршиносон ин тарҳро "тарҳе сиёсӣ" хонда ва мегӯянд, ки ба ин тартиб Тоҷикистон талош дорад аз вобастагии тронзитӣ аз қаламрави Узбакистон, ки бо мутаваққиф шудани вогунҳои Тоҷикистон ва эҷоди соири мавонеъи маснӯъӣ дар ҳамлу нақли колоҳои ин кишвар ҳамроҳ буд, раҳо шавад.
Ба эътиқоди Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси мустақил, ба дунболи азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" Узбакистон ба ҳайси фишанги фишор бар Тоҷикистон ба эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон тавассути роҳи оҳани ин кишвар даст задааст.
Оқои Ҳакимов гуфт, ки дар роҳи оҳани Узбакистон қаторҳои борбари Тоҷикистон ба муддатҳои тӯлонӣ мутаваққиф шуда ва колоҳои вогунҳо бозҷӯйӣ шудаанд.
Ӯ гуфт, ки ин вазъият давлати Тоҷикистонро водор карда, то ба бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки Душанберо бо вилояти Хатлон муттасил мекунад, шурӯъ кунад.
Бар асоси мустанадоти фаннию молӣ, барои иҷрои тарҳи роҳи оҳани "Ваҳдат-Ёвон" 129 милюн дулор пешбинӣ шуда ва интизор мерафт дар соли 2014 ин роҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Вале Асадулло Зойиров, раиси корхонаи "Роҳсоз", ки иҷрои ин тарҳро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки то ҳол дар қисмати шаҳри Ваҳдат 5 килуметр ва дар самти шаҳри Ёвон танҳо 450 метр роҳ сохта шудааст.
Оқои Зойиров гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба он ки ҳанӯз сохтмони як тунели бузург бо имтидоди 2340 метр ва ду тунели кӯчак ва бунёди 5 пули иртиботӣ дар ин масир шурӯъ нашуда, баъид аст, ки ин роҳ дар муддати пешбинишуда эҳдос шавад.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки дар сурати дарёфти сармояи чинӣ дар соли ҷорӣ сохтмони тунелҳо ва пулҳо шурӯъ шуда ва мумкин аст, ки дар авохири соли 2015 роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Зимнан, Аҳмадҷон Каримов, муҳандиси кулли корхонаи "Роҳсоз", гуфт, ки феълан 30 адад аз мошинҳои борбару эксквотурҳо ва 248 коргар ба ҳамвор кардани теппаҳо дар манотиқи кӯҳистонӣ машғул ҳастанд.
Оқои Каримов гуфт, ки феълан дар минтақаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон корҳо барои то 30 метр паст кардани теппаҳо идома дошта ва қарор аст, ки қисмати 13-килуметрии Ёвон то авохири соли ҷорӣ комилан ҳамвор ва барои гузоштани релс ё рейли қатор омода шавад.
Масъулони корхонаи "Роҳсоз" гуфтанд, ки дар пайи қатъ шудани ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тариқи вилояти Сурхондарёи Узбакистон дар моҳи ноябри соли 2011 ниёз ба роҳи оҳани олтернотив бештар шуда, вале ба иллати камбуди ҳазинаи зарурӣ корҳо барои бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон бакундӣ пеш меравад.
Дар ҳамин ҳол, аз Узбакистон хабар расид, ки дар ин кишвар низ бунёди роҳи оҳани масири Ангрен-Поп шурӯъ шудааст. Ин роҳ бидуни ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон Тошкандро бо вилоёти Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи Узбакистон муттасил хоҳад кард.
Имтидоди ин роҳ 125 килуметр буда ва аз гарданаи Камчик (иртифоъяш 2 ҳазору 300 метр) убур хоҳад кард. Давлати Узбакистон барои эхдоси ин роҳи оҳан 2 милёрд дулор ихтисос додааст.
