Кумаки фаннии БОТ барои бахши роҳсозии Тоҷикистон

Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) ба ширкатҳои таъмир ва нигаҳдории ҷодаи Ваҳдат-Нимиҷ, ки қисмате аз шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол мебошад, ба миқдори 380 ҳазор дуллор кумаки фаннӣ ихтисос додааст.
Татяна Евстифеева, сухангӯйи дафтари БОТ дар Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 10 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин кумаки фанннӣ севвумин марҳалаи ҳимоят аз пружаи бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол будааст.
Хонум Евстифеева мегӯяд, ки ин маболиғ дар ихтиёри ду ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ва “Ғаюр-1”, ки дар Тоҷикистон машғули назорат бар кайфияти роҳҳо ҳастанд, вогузор хоҳад шуд.
Ахиран ин ду ширкат дар музоядае, ки Вазорати роҳ ва иртибототи Тоҷикистон барои таъмир ва нигаҳдории қисмати роҳи Ваҳдат-Оби Гарм ва Нуробод-Нимиҷ эълом кард, пирӯз шуданд. Тӯли ин қисмати роҳ 76 килуметрро ташкил дода ва масъулони ширкатҳо бо ин вазорат барои се сол дар мавриди нигаҳдории ин роҳро созишномаро ба имзо расониданд.
Дар маҷмӯъ Бонки Осиёии Тасеъа барои тармиму бозсозии роҳҳои иртиботии Душанбе-Саритош, дар марз бо Қирғизистон 118 милюн дулор, аз ҷумла вомҳои ботахфиф ва эътибороти молӣ ба Тоҷикистон ихтисос додааст. Ҳамчунин ин бонки барои таъмири ҷодаи Душанбе- Қурғонтеппа- Данғара-Кӯлоб низ 20 милюн дулор сармоягузорӣ кардааст.
Саҳми ҷониби Тоҷикистон дар ин тарҳ чор милюн дуллор буда ва дар чаҳорчӯби ин пружа барои назорати мунсифона бар кайфияти роҳ хутути тамоси вижа бо мардуми навоҳии наздик ба ин қисмати роҳ дар назар буда ва дар сурати хароб шудан ва ё бад шудани кайфияти роҳ алоқамандон метавонанд мустақим аз ин телефонҳо истифода кунанд.
Ҳамкориҳои Бонки Осиёии Тавсеъа бо Тоҷикистон дар соли 1998 оғоз ёфта ва дар ин муддат ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 980 милюн дулор вом, кумакҳои билоъивази молӣ ва кумакҳои фаннӣ ироа кардааст.
Аз сӯйи дигар, дар сурати дар ихтиёри ширкатҳои хусусӣ, аз ҷумла "Innovative Road Solutions" (IRS) ва “Ғаюр-1”, вогузоштани назорат ва нигаҳдории роҳҳои Ваҳдат-Обигарм ва Нуробод-Нимиҷ мумкин аст дар оянда мавзӯъи пардохт барои истифода аз ин роҳ низ матраҳ шавад.
Зеро аз соли 2010 бадин сӯ бархе роҳҳои утумубилрав дар Тоҷикистон пулакӣ шудаанд. Аз ҷумла, назорат ва нигаҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ, ки манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо Душанбе муттасил мекунад, дар ихтиёри шаркати "Innovative Road Solutions" вогузор шуд ва ин ширкат бо бунёди 8 бунгоҳи пулчинӣ ин роҳро пулакӣ кард.
Аммо коршиносон мегӯянд, ки моддаи 24-и Қонуни Асосӣ рафту омади озоди шаҳрвандонро дар тамомии роҳҳои Тоҷикистон замонат дода ва тибқи он танҳо дар сурати вуҷуд доштани роҳи олтернотиви ройгон роҳи иртиботӣ пулакӣ хоҳад шуд.
