БОТ дар бозсозии нерӯгоҳҳои тоҷикон саҳм мегирад
Бонки Осиёии Тавсеъа дар садад аст, дар бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва бунёди хутути барқи Тоҷикистон ширкат кунад.
Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 2 май, Си Си Ю, намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон зимни дидор бо Гул Шералӣ масоили марбут ба бозсозии нерӯгоҳҳои “Норак” ва “Варзоб”, бунёди нерӯгоҳҳои кучак дар навоҳии Ашт, Исфара, Шӯрообод, Мӯъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Кӯлобро баррасӣ кардааст.
Си Си Ю гуфтааст, ки Бонки Осиёии Тавсеъа дар сохтмони хатти интиқоли барқи 220 килувотии зеристгоҳи “Айнӣ”-ноҳияи Рӯдакӣ ва иҷрои тарҳи коҳиши мизони талафи нерӯи барқ дар вилояти Хатлон низ саҳм хоҳад гирифт.
Дар назар аст, ин тарҳҳо дар соли 2014 то 2016 иҷро шуда ва ин амр ба афзоиши мизони тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мунҷар шавад.
Зимнан, ҳамкориҳои Бонки Осиёии Тавсеъа бо Тоҷикистон дар соли 1998 шурӯъ шуда ва дар ин муддат ин созмони байналмилалии молӣ ба миқдори як милёрд дулори омрикоӣ тарҳҳои мухаталифро дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва омӯзишу беҳдошт сармоягузорӣ кардааст.
