Ширкати "IRS" дар садади таъмири бунгоҳҳои пулчинӣ аст

Масъулони ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) аз сарозер шудани сел дар яке аз қисматҳои шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд дар мавзеъи мавсум ба Ҳушёрӣ хабар доданд.
Тибқи хабари сойтри расмии ин ширкат, рӯзи душанбеи 3 май кормандони ин ширкат машғули поксозии ин қисмати роҳ будаанд. Тавре, ки дар яке аз аксҳои ин сойт мебинем, сел бунгоҳи ҷамъоварии пул дар ин мавзеъро низ қисман хароб кардааст, аммо дар мавриди қатъ шудани ҳаракати мошинҳо дар ин роҳ хабар пахш нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ин ширкат чанде пеш музояда барои аз навсозии фановарӣ, аз ҷумла системи толлингии (дастгоҳҳо боҷҳисобкунӣ) ин бунгоҳҳоро карда буданд.
Бар асоси иттилоъи сойти ширкати "Innovative Road Solutions" дар авохири моҳи май масъулони ширкати русии мавсуми ба "Техно-Траффик", яке аз ширкатҳои эҳтимолие, ки дар бозсозии таҷҳизоти фаннии ин ширкат дар бунгоҳҳои пулчинӣ ширкат хоҳад кард, аз чанде аз ин бунгоҳҳо дидан карданд.
Иитилоъ дар мавриди бозсозии таҷҳизоти фаннии ин ширкат дар ҳоле эълом мешавад. ки дар се соли ахир бисёре аз ронандагоне, ки дар ин масир ба интиқоли коло ва мусофирон машғул ҳастанд аз гарон будани қимати истифода аз ин роҳ шикоят мекунанд.
Тавре, ки дар феҳристи ситонидани пул барои истифода аз ин роҳ дар сойти ширкат омадааст, андозаи пули роҳ аз рӯйи анвоъи мошинҳои табақабандӣ шудааст. Соҳибони худравҳо ва минибусҳое, ки категорияи аввал унвон шуда ва то ду тун бор ё мусофир мебаранд, барои истифода аз ин роҳ аз Душанбе то Чорух беш аз 60 сомонӣ мепардозанд.
Категорияи дувум иборат аз мошинҳои борбарест, ки аз 2 то 7 тун бор мебаранд ва утубусҳоест, ки 20 то 39 ҷойи нишаст барои мусофирон доранд. Соҳибони ин гуна мошинҳо ва утубусҳо дар ин масири роҳи ҳудуди 200 сомонӣ сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳамчунин барои мошинҳои категорияи севум, яъне борбарҳое, ки аз 7 то 14 тун бор мекашанд ва утубусҳое, ки беш аз 40 ҷойи нишаст доранд, соҳибонашон барои як бор истифода аз роҳ 554 сомонӣ хоҳанд пардохт.
Соҳибони мошинҳои навъи вижа ва борбарҳое, ки беш аз 14 тун бор мекашанд ва шомили категорияи чаҳорум мешаванд, барои истифода аз роҳи Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд ҳудуди 700 сомонӣ хоҳанд пардохт.
Масъулони ширкати "Innovative Road Solutions" мегӯяд, ки маболиғи ҷамъоваришуда аз роҳи 345-килуметрии Душанбе-Чаноқ барои тармиму нигаҳдории ин роҳ, масраф мешавад.
Аммо бисёре аз ронандагон ахиран аз кайфияти баде дар қисматҳои ин роҳ низ шикоят кардаанд ва ба гуфтаи онҳо дар бархе авқот тавқиф дар бунгоҳҳои пулчинӣ вақти зиёди онҳоро мегирад.
Аз сӯйи дигар бисёре аз коршиносони иқтисодӣ низ бо ишора ба кайфияти ин роҳ мегӯянд, ки қимати сармояи ситонидаи ин ширкат барои истифода аз ин роҳ дар муқоиса ба роҳҳои мушобеҳи пулакӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна зиёд будааст.
Ширкати "Innovative Road Solutions" дар соли 2010 баъд аз бозсозии қисматҳое аз роҳи масири Душанбе-Ҳуҷанд дар соли 2010 ин роҳро пулакӣ кард. Ҳуввияти ин ширкат ва масъулони муртабит ба он дар кишвар гаҳ гоҳе баҳсҳои доғеро муҷиб шудааст.
