Рогозин: “Қаторҳои Тоҷикистон барои мусофирбарӣ мувофиқ нест”

  • 15 Апрел, 2013
Қатор
Image caption Мақомоти ниҳодҳои зирабти Русия аз вазъи беҳдории қатори “Душанбе-Маскав” интиқод кардаанд

Муъовини нахуствазири Русия аз вазъи беҳдории қатори “Душанбе-Маскав” интиқод карда ва онро барои интиқоли мусофирон ғайри қобили истифода хондааст.

Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир ва Геннадий Онишенко, раиси Идораи назорати истеъмолии Русия, рӯзи якшанбеи 14 апрел, дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Аштархони Русия аз қатори мусофирбари “Душанбе-Маскав” дидан карданд.

Ин мақомоти Русия аз вазъи ногувори беҳдории вогунҳо, бахусус, вогун-рестурон, ки дар шароити ғайрибеҳдорӣ ғизо омода мешуд, ибрози нигаронӣ кардаанд.

Оқои Онишенко ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст: “Дар ҳоле ки дар вогун-рестурон яхдон нест, чи гуна ғизои солим омода мешавад? Бояд куллияи зарфҳои вогун иваз шавад. Хуб мебуд, вогун-рестурон аз қатор хориҷ шавад.”

Дмитрий Рогозин, муъовини нахуствазир ба ташдиди назорат бар қаторҳое шудааст, ки аз кишварҳои пешини шӯравӣ озими Русия мешаванд.

Ҳамчунин, оқои Рогозин тақозо кардааст, дар оянда мусофирони тоҷик бояд бо шиносномаи хориҷӣ вориди Русия шаванд. Тибқи муқаррароти давлати Русия то соли 2015 бояд ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои собиқи шӯравӣ бо ин гуна шиноснома ба ин кишвар ворид шаванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз ҳар гуна ибрози назар дар ин замина худдорӣ карда ва гуфтанд, ки то ҳол дар ин бора аз ниҳодҳои расмии Русия санаде дарёфт накардаанд.

Дар солҳои қаблӣ низ ба далели вазъи ногувори беҳдорӣ ва аз меъёр зиёд будани теъдоди мусофирон ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Русия як муддат мутаваққиф шуда, аммо пас аз ислоҳи навоқис ҳаракати қаторҳо аз сар гирифта шуда буд.

Афзун бар ин, дар ҳудуди Русия мавориди зиёди кашф ва мусодираи маводди мухаддир дар қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон сабт шуда ва дар як филми мустанади телевизиюни Русия қаторҳои Тоҷикистон “қаторҳои марги сафед” унвон шуда буд.

Зимнан, тибқи иттилоъи Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия, дар ҷараёни амалиёти муштараки ин ниҳод бо нерӯҳои марзбони Русия рӯзи ҷумъаи 12 апрел, дар истгоҳи роҳи оҳани Оқсаройи вилояти Аштархон аз қатори мусофирбари масири “Кӯлоб-Маскав” 4 килугромм ҳеруин кашф шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Мочалов, муъовини раиси хадамоти марзбонии Идораи амнияти Русия (ФСБ) хостори мутаваққиф шудани иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон шудааст.

Оқои Мочалов гуфтааст, Вазорати нақлиёт якҷо бо ширкати "Роҳи оҳани Русия" бояд ин мавзӯъро дар Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Ҳамсуд матраҳ карда ва то замони ислоҳи навоқиси мавҷуда, аз ҷумла, ҷилавгирӣ аз интиқоли маводди мухаддир аз тариқи роҳи оҳан ҳаракати қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба Русия мутаваққиф шавад.

Матолиби муртабит