Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ: 'Навоқиси қатори “Душанбе-Маскав” бартараф шуд'

  • 7 Май, 2013
Ҳукуматуллоҳ
Image caption Оқои Ҳукуматуллоҳ гуфт, ки навоқиси мавҷуда дар қатори мусофирбари масири “Душанбе-Маскав” комилан бартараф шудааст

Раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” хабар дод, ки навоқиси мавҷуда дар қатори мусофирбари масири “Душанбе-Маскав” бартараф шудааст.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин ҳарфҳоро рӯзи сешанбеи 7 май, дар як нишасти хабарӣ дар поёни ҳамоиши сарони Шӯрои ниҳодҳои роҳи оҳани кишварҳои ҳамсуд ва Болтик дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

Ӯ гуфт: “Мумкин аст, дар баъзе вогунҳо вазъи беҳдорӣ хуб набошад. Ин мушкил дар роҳи оҳани Русия ва кишварҳои дигар низ ҳаст. Камбудиҳои ба наздикӣ ошкоршударо низ бартараф кардем. Ҳоло мушкили беҳдорӣ дар қаторҳои мо вуҷуд надорад.”

Владимир Якунин, раиси ширкати “Роҳи оҳани Русия” гуфт, ки бо мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон ин мавзӯъ матраҳ шуда ва зиёдаравии мақомоти Русия дар ин замина таъкид шудааст.

Ҳамчунин, оқои Якунин, иддаъоҳо дар мавриди талоши Русия барои ғасби бозори роҳи оҳани Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт: “Баръакс ин бозор барои қаторҳои мусофирбари Русия зараровар аст.”

Мақомоти ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ гуфтанд, ки ин ширкат ҳамасола дар бахши мусофирбарӣ ба миқдори 20 милюн сомонӣ хисорот дида, аммо ба хотири интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ин кор анҷом мешавад.

Дар ин нишаст Владимир Якунин, раиси ширкати “Роҳи оҳани Русия”, зимни ишора ба қатъ шудани ҳаракати қаторҳо тавассути роҳи оҳани Ӯзбакистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, ки ихтилофи назарҳои сиёсӣ миёни кишварҳо набояд ба ҳаракати қаторҳо асар гузорад.

Вай афзуд, ки се сол қабл бо вуҷуди ихтилофи сиёсӣ бо Гурҷистон Русия ба ин кишвар иҷоза дод, то гандумро аз Қазоқистон тавассути роҳи оҳани ин кишвар интиқол диҳад.

Ба гуфтаи раиси ширкати “Роҳи оҳани Русия” фааъол набудани роҳи оҳани Амузанг дар тӯли 1,5 соли ахир на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба роҳи оҳани Ӯзбакистон низ хисороти ҷиддӣ ворид мекунад.

Ӯ гуфт, ки дар ин бора ба нахуствазири Ӯзбакистон нома навишта ва сабабашро ҷӯё шудааст, аммо то ҳоло посухе дар ин замина аз мақомоти Ӯзбакистон дарёфт накардааст.

Матолиби муртабит