Кумисиюне вижа вазъи вогунҳои "ҷанҷолбарангезро" ташхис мекунад

  • 26 Апрел, 2013
Роҳи қатори Тоҷикистон
Image caption Тоҷикистон кумисиюни вижеро барои таҳқиқи вазъияти беҳдории вогунҳои ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъсис кардааст

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон кумисиюни вижаеро барои таҳқиқи вазъияти беҳдории вогунҳои ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таъсис кардааст.

Тибқи иттилоъи масъулони ин вазорат, ба ин кумисиюн намояндагони вазорат ва ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" шомил ҳастанд. Ҳамчунин кормандони бархе аз ниҳодҳои интизомӣ ва рӯзноманигорон низ дар ҳайъати ин кумисиюн будаанд.

Як масъули бахши иқтисодии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи ҷумаъи 26 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин ҳайъат муъайян кардани сиҳҳатии ттилоъ дар мавриди вогунҳое қаторе будааст, ки ахиран аз ҷониби масъулони зидахли Русия бозрасӣ шудааст. Гуфта мешавад ин кумисюн озими Русия барои анҷоми ин бозрасӣ шудааст.

Ҳафтаи гузашта раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия, дар ҷараёни бозрасии вазъи беҳдории вогунҳои яке аз қаторҳои ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар истгоҳи “Казанский”-и шаҳри Маскав, вазъи беҳдории ин вогунҳоро вахим хонд ва масъалаи ба таълиқ даровардани ҳаракати ин қаторҳоро дар қаламрави Русия ба миён гузошт.

Қаблан Владимир Собкалов, муъовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки масъулони ширкат баъд аз бозгашти қатори масири Душанбе-Маскав ба Тоҷикистон вазъи беҳдории онро таҳқиқ ва иттилоъ дар бораи дуруст будани изҳороти ин мақоми Русия дар бораи вазъи беҳдории қаторро пахш хоҳад кард.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки вокунишҳои шадиди мақомоти тоҷик, намояндагони порлумони ин кишвар ва расонаҳои мустақил дар мавриди арзёбии ин қатор дар Маскав ва пахши барномаҳои дигари ба гуфтаи мақомот “таҳқиромез” дар расонаҳои Русия масъулони Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистонро водор ба таъсиси кумисиюне вижа кард.

Владимир Жириновский, муъовини раиси Думои Русия дар барномаи “Поединок”-и шабакаителевизюни давлатии "Россия-1" дар рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ, зимни арзёбии раванди муҳоҷирати кории аз Тоҷикистон ба Русия суханронии эҳсосотие дошт, ки дар он бо ишора ба вазъи бади беҳдории вогунҳои роҳи оҳани Тоҷикистон аз муҳоҷирони тоҷик ба увнони “интиқолдиҳандагони бемориҳо ва маводди мухаддир” ба Русия ном бурд.

Шоми 24 апрел дар яке аз барномаҳои дигари телевизюни Русия гузориши вижа таҳти унвони “Шайтан поезд” (Қатори шайтон) пахш шуд, ки дар он намунаҳое аз қатори ахири ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” нишон дода шуд, ки аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва беҳдории Русия бозрасӣ мешавад.

Аксари сӯҳбаткунандагон дар ин барнома зимни арзёбии вазъи қатор мегуфтаанд, ки вазъи беҳдории вогунҳои мусофирбари ин қатор қобили қабул нест.

Матолиби муртабит