Вазорати хориҷа: Жириновский дар ҳаққи Раҳмон носазо гуфт
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки раҳбари ҳизби либерол-демукрот ва муъовини раиси Думои давлатии Русия дар қиболи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон суханони таҳқиромез ва носазо гуфтааст.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар ин робита баёнияе интишор додааст. Абдулфайз Атоев гуфт ин баёния вокуниш ба сӯҳбати пурсарусадои Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерол-демукрот ва муъовини раиси Думои давлатии Русия дар шабакаи телевизиюни “Россия-1” аст.
Владимир Жириновский дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизюниb "Россия-1" дар рӯзи 18-уми апрел аз ҷумла гуфт: “Ҳоло дӯстони шумо, кумунистони тоҷик дубора қимати пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистонро бешармона боло мебаранд! Барои ҳамин мо мегӯем, ки мо дигар муҳоҷирони шуморо намепазирем. Он вақт Раҳмон, раҳбари давлат чӣ кор мехоҳад бикунад? Ӯ хеле хуб мефаҳмад, ки он замон вақти ӯ ба поён мерасад. Зеро исломиҳои афғон Тоҷикистонро забт ва Раҳмонро бо монанди Наҷибулло дар маркази шаҳр ба дор меовезанд.”
Сухангӯи ин вазоратхона ба хабарнигорон гуфт, ки чунин суханони як шахсияти саршинос дар Русия ба муносиботи дӯстонаи ду кишвар, ки шарикони истротежик ҳастанд, мухолифат мекунад.
Оқои Атоев, рӯзи чаҳоршанбеи 24 апрел дар нишасти кутоҳе гуфт: “Боъиси нигаронӣ аст, ки шахсони баландпояи Русия тавассути расонаҳои ин кишвар афкори аз ҳақиқат дур, тӯҳматомез ва таҳқиркунандаро паҳн мекунанд.”
Ӯ афзуд, бо вуҷуди он ки дар Русия ҳудуди 13 милюн муҳоҷир аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Осиёи марказӣ машғули коранд, вале барномаҳои телевизиюни давлатии Русия таваҷҷӯҳи “муғризонаи” худро бештар ба муҳоҷирони тоҷик равона кардаанд.
Оқои Атоев гуфт, ки чунин ба назар мерасад, ки маъракаи иттилоъотии Русия алайҳи Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсӣ доштааст, аммо мушаххас нагуфт, ки ин аҳдоф чи будааст. Имрӯз намояндагони порлумони Тоҷикистон низ унвонии Думо изҳороти худро дар ин замина ирсол карданд.
Аммо коршиносони сиёсӣ бо ишора ба камбудиҳое дар фаъъолияти иддае аз ширкатҳои давлатии ин кишвар, аз ҷумла ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ки давлати Тоҷикистонро мебояд, навоқизи мавҷуд дар ин ниҳодҳоро аз байн бибарад, то кишваре натавонад аз ин норасоиҳо ба унвони фишанге барои ворид кардани фишорҳои мухталифи сиёсӣ ба Тоҷикистон истифода кунад.
