Таҳияи тарҳи роҳи оҳани ҷадид аз Русия ба Тоҷикистон

Муҳандисони роҳи оҳан ба таҳияи тарҳи сохтмони як роҳи оҳани ҷадид аз Русия ба Тоҷикистон бидуни истифода аз қаламрави Узбакистон оғоз кардаанд.
Гуфта мешавад ин масир аз қаламрави Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон убур карда ва аз шимол-шарқ вориди Тоҷикистон мешавад.
Айдар Куралиев, муъовини раиси ширкати роҳи оҳани Қирғизистон, ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кардааст, ки коршиносони ин чаҳор кишвар ин тарҳро таҳия мекунанд ва натоиҷи он базудӣ ба раҳбарони кишварҳо пешниҳод мешавад.
Оқои Куралиев мутмаин аст, ки иҷрои чунин тарҳе барои Қирғизистон ва Тоҷикистон судовар аст ва ба тавсеъаи иқтисодии ин ду кишвар мусоъидат хоҳад кард.
Вай аз ироаи ҷузъиёти бештари ин тарҳ худдорӣ кард, вале афзуд, ки сохтмони чунин масири роҳи оҳан аз сӯйи Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ пешниҳод шуда буд.
Манобеъи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз ироаи иттилоъ дар ин замина худдорӣ карданд, вале ҳамзамон имкони роҳандозии инттарҳро такзиб ҳам накарданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ба кашидани хаттҳои олтернотифи роҳи оҳан алоқаманд аст.
Кишвари ҳамсояи Узбакистон, ки ҳамаи роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз қаламрави он мегузуранд, пайваста дар ҳамлу нақли вогунҳои борбари тоҷикистонӣ маҳудият эҷод карда ва ҳазинаи убур аз қаламрави ин кишвар низ андак набудааст.
Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд агар иҷрои тарҳи роҳи оҳан аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистон оғоз шавад, ин масир аз ҷануби Қирғизистон ба Тоҷикистон дар минтақаи Ҷиргатол пайваст хоҳад шуд. Чунин мавзӯъе дар гузашта низ миёни раҳбарони роҳи оҳани ҳарду кишвар матраҳ шуда буд.
Вале барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистонро лозим аст, ки аз минтақаи Ҷиргатол то ба Душанбе хатти роҳи оҳан бикашад ва дар ин масир бунёди чанд адад тунелҳои қаторгузар низ заруриянд.
Аз сӯйи дигар, ахиран Афғонистон эълом карда буд, ки ба эҳдоси хатти роҳи оҳан ба Туркманистон оғоз кардааст. Тоҷикистон ҳам алоқаманд аст, ки бо пайвастан ба ин масир аз вобастагӣ ба Узбакистон раҳо шавад ва бидуни ворид шудан ба қаламрави ин кишвар бо Туркманистон иртиботи роҳи оҳани олтернотив дошта бошад.
Дар ҳоле ки ҷузъиёти тарҳи роҳи оҳани ҷадид аз Русия ба Тоҷикистон то ҳол эълом нашудааст, чанд сол қабл давлати Чин изҳор дошта буд, ки ба кашидани хатти роҳи оҳан аз Ҷиргатол ба Душанбе алоқаманд аст. Қарор буд ин бахше аз як хатти роҳи оҳани бузурге шавад, ки чанд кишварро, аз Эрону Афғонистон гирифта ба василаи Тоҷикистон ба Қирғизистону Чин пайвандад.
Чунин тасаввур низ пайдо мешавад, ки Чин барои раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ ва таъмини амнияти энержии Тоҷикистон иқдомотеро рӯйи даст гирифтааст.
Аз ҷумла, дар дидори ахири расмии Ши Жинпинг, раиси ҷумҳурии Чин, аз Туркманистон дар шаҳри Ишқобод тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва бунёди роҳи оҳан аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз мавзӯъоти умдаи ин нишаст будааст.
Феълан Туркманистон ба Чин солиёна ба миқдори 65 милёрд метри мукаъъаб гоз содир мекунад. 25 милёрд метри мукаъъаб аз ин гоз аз маъдани "Галкиниш" аст.
Раиси ҷумҳури Чин эълом кардааст, ки барои интиқоли ин миқдор гоз бояд лӯлаи ҷадиди интиқоли он кашида шавад. Ва интизор меравад ин лӯла аз қаламрави Тоҷикистон убур кунад.
Ба эътиқоди иқтисоддонҳо, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин хатти интиқоли гоз Тоҷикистон ҳамасола барои тронзити он миқдори қобили мулоҳизае арз дарёфт карда ва бар ивази он метавонад бахше аз ин миқдор гозро барои бароварда кардани ниёзҳои худ масраф кунад.
Ҳамчунин таъкид мешавад, ки Узбакистон наметавонад дар оянда аз тронзити гоз тавассути ин хатти лӯла ҷилавгирӣ кунад, зеро бо "хашми Пекан" рӯбарӯ хоҳад шуд.
