Роҳи оҳани Тоҷикистон: "Мушкилоти тронзит аз тариқи Ӯзбакистон сиёсӣ аст"

  • 22 Июл, 2013
Ҳукуматулло
Image caption Оқои Ҳукуматулло гуфт, эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар тронзити қаторҳои Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон ҷанбаи сиёсӣ дорад

Раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, эҷоди мавонеъи маснуъӣ дар тронзити қаторҳои Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон ангезаи сиёсӣ дошта ва ба хотири ворид кардани латма ба иқтисоди ин кишвар анҷом шудааст.

Амонулло Ҳукуматулло, раиси ин ширкат, рӯзи душанбеи 22 июл, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар соли 2009 давлати Ӯзбакистон дар бораи кам кардани ҳаҷми интиқоли маводу коло дар қитъаи тронзитии Тоҷикистон мусаваббае содир карда ва дар муддати 4 соли ахир мизони интиқоли колоҳо аз тариқи роҳи оҳани Ӯзбакистон ду баробар коҳиш ёфтааст.

Афзун бар ин, ба гуфтаи ӯ, ба иллати аз фаъъолият бозмондани қисмати роҳи оҳани Ӯзбакистон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба миқдори 50 милюн дулори омрикоӣ хисорот дидааст.

Зимнан, бино ба иттилоъи мақомоти Ӯзбакистон, дар 16 ноябри соли 2011 дар пули иртиботии қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг дар ҷануби ин кишвар инфиҷоре рух дода ва ба ин далел ҳаракати қаторҳо тавассути ин минтақа ба вилояти Хатлони Тоҷикистон қатъ шуд.

Манобеъи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфтанд, дар зарфи як солу 9 моҳи ахир колоҳои вилояти Хатлон ва Бадахшон тавассути қатор ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мунтақил шуда ва аз ин шаҳрҳо тавассути комюнҳо ба ин ду вилоят ҳамл шаванд.

Гуфта мешавад, қимати ҳамлу нақли коло аз тариқи утумубил дар муқоиса ба қатор гарон буда ва ин амр ба миқдори 30 дарсад боло рафтани арзиши коло ва маводди ғизоӣ дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон шудааст.

Раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, то ба ҳол ба муроҷиъатҳои ин ширкат, нахуствазир ва раиси порлумони Тоҷикистон ба мақомоти Ӯзбакистон барои ҳалли ин мушкил посухе нарасидааст.

Амонулло Ҳукуматулло гуфт: "Ин қадар нафрате нисбати як давлат доранд. Боз чи кор кунанд, ки мо дод занем. Аз ҳисоби ҳамин тронзит Ӯзбакистон солиёна беш аз 100 милюн дулор фоида мегирифт. Ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ бар зарари худ кор мекунанд."

Владимир Якунин, раиси ширкати "Роҳи оҳани Русия" низ, ки дар ҳошияи нишасти сарони ширкатҳои роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ бо хабарнигорон сӯҳбат дошт, мавонеъи Ӯзбакистон дар роҳи тронзити қаторҳои Тоҷикистонро сиёсӣ хонда буд.

Оқои Якунин гуфта буд, ӯ зимни як нома аз нахуствазири Ӯзбакистон хостори рафъи ҳама гуна мавонеъи маснӯъӣ дар тронзити роҳи оҳан аз тариқи ин кишвар шуда, аммо то ҳол ба ин нома посухе дарёфт накардааст.

Ба эътиқоди коршиносон, давлати феълии Тоҷикистон бо мусоъидати низомии Ӯзбакистон ба қудрат расида, вале баъдан равобит миёни ин ду кишвар ба сардӣ гароидааст.

Маъмулан Ӯзбакистон барои ворид кардани фишор болои Тоҷикистон аз фишангҳои интиқоли гози табиъӣ ва тронзити васоили нақлия истифода карда ва ин кишвар дар солҳои қаблӣ борҳо қаторҳои бории Тоҷикистонро ба муддатҳои мухталиф мутаваққиф карда буд.

Аммо ба дунболи азсаргирии корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар авоили соли 2010 мавориди таъхири интиқоли маводду коло аз тариқи ин қитъаи роҳи оҳани Ӯзбакистон бештар шуда ва дар ниҳоят, ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз тариқи минтақаи Ғалаба-Амузанг ба вилояти Хатлон қатъ гардид.

Ӯзбакистон ҳамвора ба далели он чи паёмадҳои зистмуҳитӣ хонда бо бунёди нерӯгоҳи Роғун мухолифат кардааст, агарчи бархе коршиносон мӯътақиданд, ки нигаронии Ӯзбакистон аз таҳти кунтрули Тоҷикистон қарор гирифтани манобеъи об дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ аст, ки дар сурати танзим шудани ҷараёни об тавассути Тоҷикистон эҳтимолан бахши кишоварзии иқтисоди Ӯзбакистон ба мушкил рӯбарӯ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит