Шукурҷон Зуҳуров: "Тавассути иддаъо мушкили экулужӣ ҳалл намешавад"

  • 10 Июн, 2013
Талко
Image caption Мақомоти Ӯзбакистон мукарраран корхонаи Талкоро дар олудасозии муҳити зисти вилояти Сурхондарёи ин кишвар муттаҳам кардаанд

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбакистон даъват кардааст, мушкилоти марбут ба муҳити зисти ин ду кишварро на аз тариқи даъвоҳо, балки дар атрофи мизи музокирот баррасӣ кунад.

Шукурҷон Зуҳуров, рӯзи душанбеи 10 июн, зимни як нома унвонии Дилором Тошмуҳаммадова, раиси Оли Маҷлис ё порлумони Ӯзбакистон гуфтааст, муроҷиъаи ӯ дар мавриди асари номатлуби корхонаи олюминиюми Тоҷикистон ё Талко ба вазъи муҳити зисти манотиқи марзии Ӯзбакистон дар порлумони Тоҷикистон матраҳ шуда ва далоили ироъашуда дар ин замина баҳснок арзёбӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, барои аз лиҳози илмӣ собит кардани асароти номатлуби Талко ба муҳити зист ва саломатии сокинон "таҷҳизоти вижа ва мутахассисони баландихтисос" лозим аст. Зеро авомиле чун фақр, ғизои носолим ва мушкили дастрасӣ ба хадамоти пизишкӣ низ метавонанд ба вазъи саломатии сокинон асар гузоранд.

Аз сӯйи дигар, намояндагони порлумони Тоҷикистон, ба хисороти ҳангуфти иқтисодӣ ва асари номатлуб ба муҳити зист, ки ба асари фаъъолияти корхонаҳои бузурги филизгудозӣ, семент ва шабакаи барқу гармидиҳии навоҳии Бекободу Олмалиқи Ӯзбакистон ба манотиқи марзии Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар ворид мешавад, ишора кардаанд.

Бино ба арзёбии коршиносони Тоҷикистон, хисороти иқтисодии ин корхонаҳо ба вилояти Суғди Тоҷикистон садҳо милюн дулорро ташкил дода ва 600 ҳазор аҳолӣ дар навоҳии Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод аз асароти номатлуби корхонаҳои санъатии Бекободу Олмалиқи Ӯзбакистон ранҷ мебаранд.

Маҷлиси намояндагониТоҷикистон пешниҳод кардааст, ба манзури арзёбии мунсифонаи вазъи муҳити зисти манотиқи баҳсноки ин ду кишвар ва рафъи ихтилофи назарҳои мавҷуд Гурӯҳи байнипорлумонии Тоҷикистону Ӯзбакистон бо ҷалби коршиносони мустақили байналмилалӣ таъсис шавад.

Зимнан, дар ҳафтаи гузашта давлати Ӯзбакистон аз асароти номатлуби корхонаи Талко ба муҳити зисти вилояти Сурхондарёи ин кишвар ба Дабири кулли Созмони Милал шикоят бурда буд.

Дар солҳои қаблӣ мақомҳои Ӯзбакистон дар ҳамоиши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи Урупо мавзӯъи мушкилоти зистмуҳитӣ бо корхонаи Талкои Тоҷикистонро матраҳ карда буданд.

Вале масъулони корхонаи олюминиюми Тоҷикистон иддаъоҳои ҷониби Ӯзбакистронро рад карда ва мегӯянд, ки дар зарфи 5 соли ахир ин корхона ба хотири коҳиши партоби гозҳои гулхонаӣ барои мудернсозии таҷҳизоти корхона 464 милюн сомонӣ ё ҳудуди 100 милюн дулори омрикоӣ масраф кардааст.

Аз ҷумла, тавассути ширкати “Флект”-и Норвиҷ дар ду блуки корхонаи Талко таҷҳизоти мудерни тасфияи гоз насб шуда ва электролизерҳо навсозӣ шудаанд.

Талко аз бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва он дар соли 1975 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. То соли 1990 беш аз 7 ҳазор тан аз атбоъи Ӯзбакистон дар ин корхона фаъолият мекарданд.

Тавлидоти Талко бузургтарин манбаъи арзи хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Фаъъолияти молии ин корхона боъиси баҳсҳои додгоҳӣ ва мубоҳисот дар расонаҳо шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон хостаанд то шаффофиятро дар арзёбии фаъолияти ин корхона таъмин кунад.

Бано бар гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ бахши умдаи оидоти Талко ба манотиқи офшорӣ мунтақил мешавад.

Дар чанд соли ахир, асароти манфии корхонаи Талко ба муҳити зисти Ӯзбакистон дар канори хатароти эҳтимолии бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ба вазъияти экулуҷии Осиёи Марказӣ аз мавзӯъоти аслии мавриди баҳси Ӯзбакистон ва Тоҷикистон маҳсуб шуда, ин ихтилофи назарҳо ба сард шудани равобити миёни ин ду кишвар мунҷар гардидааст.

Матолиби муртабит