Пешниҳодот барои ҳалли мубоҳисоти муҳити зистии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон

Дар ҳамоише дар Тоҷикистон масоили марбут ба ҳалли баҳсҳои миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар мавриди асари корхонаи Талко ба муҳити зист баррасӣ шудааст.
Ин нишаст “Истротежики зистмуҳитии Талко” ном дошта ва дар кори он коршиносони ин арса, донишмандони муҳитшинос, намояндагони муассисоти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитӣ ва хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат доштанд.
Аксари ширакаткунандагон мушкили аслии мубоҳисоти тӯлонии Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин заминаро, адами эътимод ба ҳамдигар ва ба беш аз ҳадд сиёсӣ шудани ин масъала марбут хонданд.
Аз ин рӯ дар ҳамоиш, ки рӯзи 30 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода, дар шарқи Душанбе баргузор шуд, ба масъулони зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ин кишвар се пешниҳоди умда ироа шуд.
Аввал, таъсиси кумисиюни муштараки коршиносони ин арса ва ҷалби коршиносони мустақил аз кишварҳои хориҷӣ барои анҷоми таҳқиқоти таъсири корхонаҳоиТалко ба вазъи воқеъии муҳити зист дар қаламрави ду кишвар буд.
Масъулони корхонаи Талкои Тоҷикистон мегӯянд, ки ин натиҷаи таҳқиқоти ин кумисисюн ба онҳо низ имкон хоҳад дод, то барномаҳо барои ҳимояти муҳити зист дар ин минтақарро ба таври комил роҳандозӣ кунанд.
Дигар, коршиносони ҳозир дар ин ҳамоиш аз давлати Ӯзбакистон дархости дубора фаъъол кардани се постгоҳи ҳамешагии назорат бар вазъи ҳавои навоҳии наздик ба марзи Тоҷикистон ва маҳалли корхона шуданд.
Ҳамчунин дар нишаст ба тамдиди тавофуқномаи миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар “Дар мавриди ҳамкориҳо барои беҳбуди вазъи муҳити зист дар минтақаи осори манфии корхонаи олуминиюм” таъкид шуд ва ба ҷонибҳо пешниҳод шуд, ки дар мавриди ин масъала низ таҷдиди назар кунанд.
Ин созишнома миёни ду кишвар дар соли 1994 ба имзо расида ва бар асоси он корхонаи олуминиюми Тоҷикистон дар навоҳии марзии Ӯзбакистон бо Тоҷикистон чор дармонгоҳ ва як бунгоҳи тиббии муҷаҳаз, се мактаби ҳамагонӣ барои беш аз 200 шогирд ва беш аз даҳ чоҳи обкаширо ба маблағи 34 милюн рубл (пули соли 1993) бунёд кард.
Афзун бар ин, тибқи ин санад корхонаи олуминиюм барои бунёди иншоъотҳои дигаре дар Ӯзбакистон беш аз 900 милюн рублро ба он кишвар ихтисос дод ва қарор буд, ки барои арзёбии вазъи муҳити зисти манотиқи марзӣ, коршиносони ин ду кишвар муштаракан таҳқиқот бибаранд.
Аммо масъулони ин корхона мегӯянд, ки баъд аз тасмими якҷонибаи Ӯзбакистон дар мавриди роҳандозии раводид бо Тоҷикистон иҷрои ин барномаҳо ғайриимкон шудааст.
Коршиносон мубоҳисоти миёни ин ду кишвар бар сари олудашавии муҳити зист аз сӯйи корхонаи Талкоро марбут ба сардии муносиботи миёни ин ду кишвар дар чанд соли ахир медонанд.
Дар солҳои ахир Ӯзбакистон пайваста иддаъо кардааст, ки фаъолияти корхонаи олуминиюми Тоҷикистон бар вазъи муҳити зисти он кишвар ва минтақа, аз ҷумла саломати сокинони он асароти номатлубе мегузорад.
Дар робита бо ин мавзӯъ, тайи чаҳор соли гузашта чандин ҳамоиши эътирозии сокинони манотиқи ҷанубии Ӯзбакистон баргузор шуда ва ҷунбиши муҳити зисти он кишвар баёнияҳое интишор додааст.
Масъулони ширкати Талко мегӯянд, ки ҳамасола барои таъмири дастгоҳҳои вижаи ин корхона ва беҳбуди вазъи муҳити зист аз 29 то 30 милюн сомонӣ ихтисос медиҳанд.
Аз сӯйи дигар Игор Сатторов, масъули бахши иттилоъоти корхонаи олуминиюми Талко, дар ин нишаст гуфт, ки масъулони корхона дар садади ворид кардани фанноварии ҷадид барои бозсозии он ҳастанд.
Оқои Сатторов афзуд: “Барои иҷрои ин иқдом корхона ба 100 милюн дулор ниёз дорад. Умедворам давлати Тоҷикистон, ки корхонаи олуминиюм сутуни даромади иқтисодии кишвар аст, барои иҷрои ин тарҳ ба корхона кумак хоҳад кард.”
Ҳарчанд оқои Сатторов мегӯяд, дар ҳоле ки коршиносони муҳити зисти дохилӣ ва хориҷӣ зимни таҳқиқоти табиъати атрофи Талко асароти ин корхонаро ба муҳити зист манфӣ нахондаанд, вале ҳадафи аслӣ аз ворид кардани текноложии ҷадид ба корхона, барои ба ҳадди ақал расонидани сатҳи олудашавии табиъати атроф будааст.
Саҳми Талко, бузургтарин корхонаи тавлидотӣ дар Тоҷикистон дар тавлиди колоҳои ватанӣ беш аз 40 дарсад буда ва мизони содироти он ҳудуди 80 дарсадро ташкил медодааст.
Бо ин вуҷуд, бархе аз коршиносон бо ишора ба фасоди густарда дар сохторҳои давлатӣ дар Тоҷикистон суолоти зиёдеро дар заминаи шаффофияти кори ин корхона ба миён мегузоранд.
Иддае аз онҳо бо ишора ба муҳокимаҳои додгоҳии пурсарусадои Талко дар гузашта дар Бритониё ва вокунишҳои расонаҳо ба ин қазия ихтисос ёфтани тамоми сармояи даромад аз тавлидоти маҳсулоти ин корхонаро ба будҷаи давлат баъйид медонанд.
Дар авохири соли 2008 ба дунболи қазияи додгоҳии корхонаи Талко дар Ландан иддае аз расонаҳои хориҷӣ бархе аз мақомоти баладпояи ин кишварро дар рабт доштан ба қазияи тақаллубии чандин миллиюндулорӣ дар муъомила бо олуминиюм муттаҳам карда буданд.
