Шикояти нави Узбакистон ба СММ аз таъсири зистмуҳитии Талко дар минтақа

  • 7 Июн, 2013
Талко
Image caption Дилёр Ҳакимов, намояндаи доимии Узбакистон дар СММ унвонии Бон Кӣ Мун аз таъсири манфии ширкати Талко ба вазъи зистмуҳитӣ шикоят бурдааст.

Давлати Узбакистон бо ироаи номае унвонии Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид аз таъсири манфии корхонаи "Талко"-и Тоҷикистон ба муҳити зисти кишвараш шикоят кардааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии СММ ин номаро, рӯзи панҷшанбеи 6 июн, Дилёр Ҳакимов, намояндаи доимии Узбакистон дар СММ унвонии Бон Кӣ Мун, ирсол кардааст.

Дар ин нома ҷониби Узбакистон зимни ибрози нигаронӣ аз бадтар шудани вазъи муҳити зист дар устони Сурхондарёи он кишвар, ки бо минтақаи ғарби Тоҷикистон ҳаммарз аст, омада, ки сабаби аслии ин вазъ корхонаи "Талко"-и Тоҷикистон будааст.

Дар нома омадааст: “Олудагии фаромарзӣ ношӣ аз тавлиди гозҳои гулхонаӣ дар "Талко", корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, ба амнияти зистмуҳитӣ ва барои тавсеъаи иҷтимоъии пойдори Узбакистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таҳдиде ҷиддӣ аст.”

Оқои Ҳакимов дар ин нома аз дабири кулли СММ хостааст, ин созмон барои поён додан ба асароти манфии корхонаи "Талко" ба муҳити зисти минтақа иқдоме бикунад.

Вай афзудааст, ки “мизони таъсироти манфии ин корхона ба муҳити зист, аз ҷумла вазъи беҳдошти мардуми минтақа ва масоили хазонаи женӣ (генофонд)-и мардуми маҳаллӣ ба сатҳи бесобиқа расидааст.”

Ин нахустин бор нест, ки мақомоти Узбакистон дар сутӯҳи мухталиф дар даҳ соли ахир дар маврид таъсири манфии корхонаи 'Талко' ба вазъи зистмуҳитии кишвари худ ва минтақа шикоят мекунанд.

Аммо масъулони корхонаи "Талко", яке аз бузургтарин корхонаҳои санъатӣ дар Тоҷикистон, ин иддаъои ҷониби Узбакистонро пайваста такзиб карда ва мегӯянд, ки ин корхона ҳамасола барои ҷилавгирӣ аз олудагии муҳити зист милюнҳо сомонӣ масраф мекунад.

Онҳо барои собит кардани суханони худ дар ду соли ахир чанд ҳамоишеро бо ширкати бумшиносон ва намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ доир карда ва дар ҷараёни он ширкаткунандагонро бо вазъи зистмуҳитӣ дар атрофи корхона ошно сохтаанд.

Маъмулан ба чунин нишастҳо намояндагони сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон низ даъват мешаванд ва дар бархе аз ин ҳамоишҳо масъулони ин сафорат низ ширкат доштаанд.

Дар ҳамоиши охирине, ки "Талко" 30 апрели соли равон баргузор кард, масъулони корхона ба масъулони зидахли Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист се пешниҳод барои поён додани ба нигарониҳои кишвари ҳамсоя ироа карданд.

Яке аз пешниҳодоти умда, ки “Истротежии зистмуҳитии Талко” ном дорад, таъсиси як кумисиюни муштараки бумшиносони мухталифи хориҷӣ барои анҷоми таҳқиқоти мустақил дар бораи таъсири корхонаи "Талко" ба вазъи зистмуҳитии ду кишвари Узбакистон ва Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи масъулони ин корхона натиҷаи пажӯҳиши мустақилли ин кумисисюн ба онҳо низ имкон хоҳад дод, то барномаҳои бештаре барои ҳимояти муҳити зист дар минтақарро ба сурате беҳтар роҳандозӣ кунанд.

Саҳми "Талко," бузургтарин корхонаи тавлидотӣ дар Тоҷикистон дар тавлиди колоҳои дохилӣ беш аз 40 дарсад буда ва мизони содироти он ҳудуди 80 дарсадро ташкил медодааст. Гуфта мешавад ин ширкат таҳти кунтрули мустақими Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар фаъъолят мекунад.

Ин корхона ҳунӯз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда буд ва дар он замон Узбакистон ҳеч шикояте аз таъсири манфии он ба муҳити зисти кишвараш надошт.

Коршиносони сиёсӣ бар ин назаранд, ки баъд аз ба сардӣ гароидани муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар солҳoи ахир, шикоёти мақомоти мухталифи узбак аз таъсири манфии корхонаҳои санъатии Тоҷикистон ба муҳити зисти он кишвар афзоиш ёфтааст.

Эъломи бунёди нерӯгоҳи барқи “Роғун” дар Тоҷикистон низ дар Узбакистон мухолифатҳои зиёдеро ба бор овард ва давлати он кишвар мукарраран иддаъо дошт, ки сохтмони ин нерӯгоҳ мунҷар ба фоҷеъае инсонӣ ва зистмуҳитӣ дар Узбакистон ва минтақа хоҳад шуд.

Матолиби муртабит