Чаро давлати Узбакистон аз 'Баҳори Араб' ҳарос дорад?

  • 21 Май, 2013
Баҳори Араб
Image caption Дар Ӯзбакистон таблиғоти алайҳи "Баҳори Араб" роҳандозӣ шудааст

Телевизиюни давлатии Узбакистон дар бораи инқилобҳои “рангин” ё “Баҳори Араб”, ки мақомоти ин кишвар аз онҳо интиқодҳо кардаанд, барномае таҳия ва пахш кардааст.

Дар ин барнома, ки “Қадри оби равон” ном дошт, ин гуна инқилобҳо баҳамзанандаи субот дар Ховари Миёна унвон шуда ва ба зарурати истиқрори сулҳу субот таъкид шудааст.

Дар барномаи "Қадри оби равон" аз ончи пешрафтҳои чашмгири иқтисодию иҷтимоъии Узбакистон хонда шуда, ситоиш шуда ва аз сокинони кишвар даъват шуда, аз ҳаводиси хунини Ховари Миёна, Афғонистон, Ироқ, Судон, Миср ва Сурия дарси ибрат бигиранд ва шукри сулҳу субот дар кишварашонро кунанд.

Аз падару модарон тақозо шудааст, то нагузоранд фарзандонашон таҳти таъсири ҷунбишҳои мухталиф бимонанд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар кишварҳои дигар таблиғот алайҳи “Баҳори Араб” мушоҳида намешавад, мақомоти Узбакистон аз имкони такрори чунин ҳаводис дар ин кишвар ҷиддан нигаронанд.

Ба эътиқоди Камолиддин Раббимов, коршиноси масоили сиёсии муқими Фаронса, ҳароси мақомоти Узбакистон аз асари “Баҳори Араб” ба ин кишвар беҳуда нест. Зеро ҳаводиси солҳои 2004-2005 дар Узбакистон собит кард, ки тазоҳуроту эътирозоти сокинони кишвар ба таври ғайримунтазира ва ногаҳонӣ анҷом мешавад.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Раббимов, мизони тарокуми (зичӣ) ҷамъият дар Узбакистон дар болотарин сатҳ қарор дошта, бесалоҳиятии ниҳодҳои давлатӣ, фасоди густурда, эътирозоти махфии иҷтимоъӣ, аз ҷумла аз ҷамъияти ҷавони кишвар (ними ҷамъияти Узбакистонро ҷавонони то 30 сола ташкил медиҳанд) метавонанд аз авомили аслӣ барои инқилоби “рангин” дар ин кишвар бошад.

Дар пайи ҳаводиси мавсум ба “Баҳори Араб” назорати шабакаҳои интернетӣ дар Узбакистон ташдид шудааст. Мақомоти Узбакистон интернетро аз роҳандозони инқилобҳои “рангин” хонда ва барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба он талошҳо мекунанд.

Ба эътиқоди коршиносон, давлати Узбакистонро лозим аст барои дар қудрат боқӣ мондан на аз зӯр, балки аз ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар кор гиранд.

Матолиби муртабит