Пулиси Женева: “Ҳамла ба худрави диплумотҳои ӯзбак сиёсӣ нест”

Пулиси Женева гуфтааст, ҳамла ба худрави намояндагии Ӯзбакистон дар Созмони Миалили Муттаҳид (СММ) дар рӯзи 19 марти соли ҷорӣ ҷанбаи сиёсӣ надорад.
Ба гуфтаи намояндаи пулис, Гулнора Каримова, раҳбари намояндагии доимии Ӯзбакистон дар Созмони Милал қаблан таъкид дошт, ки "ин ҳодиса на дар горожи зерзаминии ин намояндагӣ, балки дар истгоҳи худравҳои наздики фурудгоҳи Женева рух додааст".
Ин пулис, ки номаш фош нашудааст, гуфтааст, ин истгоҳи худравҳо аз намояндагии Ӯзбакистон дар СММ 3 килуметр дуртар, дар хиёбони "Pre-bois" воқеъ буда ва дар ин истгоҳ на танҳо диплумотҳо, балки ронандагони муқаррарӣ ҳам истифода мекардаанд.
Намояндаи пулис ба Би-би-сӣ гуфтааст, дар ин ҳодиса на танҳо шишаи худрави диплумоти ӯзбак, балки шишаҳои як худрави диплумотик ва 8 комюн низ осеб дидаанд.
Ба гуфтаи пулиси Женева ҳодисае, ки дар хиёбони "Pre-bois" иттифоқ афтодааст, на ба унвони ҳодисаи сиёсӣ , балки ба ҳайси як ҳодисаи ҷинойӣ бозрасӣ мешавад.
Ин корманди пулис гуфтааст: "Ҳамарӯза дар Женева шишаи даҳҳо худрав шикаста ва ашёҳои онҳо ғорат мешавад."
Гуфта мешавад, ҳамакнун дар қиболи ин ҳодиса бозрасӣ шурӯъ шуда, аммо пулис то ҳол касеро боздошт накардааст.
Ин корманди пулис хабари шикояти расмии намояндагии Ӯзбакистон дар СММ ба пулиси Женеваро таъйид карда, аммо дар он ҳеч гуна ҳадсе дар мавриди омилони ин ҳодиса ҷой надоштааст.
"Тарс додан"
Хабари "ҳамла ба худрави диплумотҳои ӯзбак" нахуст дар блоги Гулнора Каримова, раҳбари намояндагии Ӯзбакистон дар СММ пайдо шуд.
Дар матлабе зери сарлавҳаи "Пулдиҳандагон асабонӣ шуданд..." хонум Каримова ин ҳодисаро идомаи маъракаи бадномсозии ӯ унвон кардааст.
Дар сафҳаи "gkarimova.wordpress.com" омдааст: "Тарс додан шурӯъ шудааст. Яъне, бидуни тарс шишаи худрави хидматии намояндагии Ӯзбакистон дар СММ-ро пора-пора карданд."
Бино ба иддаъои ӯ, ҳодисаи шикастани шишаи худрав ба боздиди як гурӯҳи фаъолони ӯзбак ба манзили ӯ дар шаҳри Женева рабт мегирад.
Ба гуфтаи ӯ: "Дар ҳодисаи дар Суис рухдода ба манфиати гурӯҳҳои мухталиф аст. Яке онро фармоиш дода, дигарӣ барои иҷрои он пул пардохта ва дигарон онро иҷро кардаанд."
Зимнан, 1 марти соли ҷорӣ як гурӯҳи фаъолони ӯзбак ба манзили боҳашамати Гулнора Каримова дар шаҳри Женева омада, иброз доштанд, ки мардуми Ӯзбакистонро "аз зиндагии бодабдабаи духтари диктотури ӯзбак" муталеъ хоҳанд кард.
Мӯътабар Тоҷибоева, фаъоли ҳуқуқи башар дар шаҳри Порис гуфтааст: "Талош барои дидани қасри чандмилюндулории Гулнора Каримова дарки он буд, ки милюнҳо дулори мардуми Ӯзбакистон ба куҷо масраф мешавад?"
Хонуми Каримова аз дидани Крейг Мюррей, сафири пешини Бритониё дар миёни гурӯҳи фаъолон ба ғазаб омадааст.
Тарс додан шурӯъ шудааст. Яъне, бидуни тарс шишаи худрави хидматии намояндагии Ӯзбакистон дар СММ-ро пора-пора карданд.
Ӯ аз талошҳо барои аккосӣ кардани манзилаш ва ба қуттии нома партофтани "як чизи аҷоиб" хабар дода, аммо чӣ чиз будани онро ташреҳ надодааст.
Мӯътабар Тоҷибоева гуфтааст, онҳо ба ҳодисаи ахир ҳеч рабте надошта ва дар қуттии номаҳо ташрифномаро андохтаанд.
Дар мавриди боздиди гурӯҳи фаъолони ӯзбак аз манзили Гулнора Каримова пулис бо Мӯътабар Тоҷибоева сӯҳбат кардааст.
Пулиси Женева ба Би-би-сӣ гуфтааст, дар зарфи як моҳи ахир диплумотҳои ӯзбак се маротиба ба пулис муроҷиъат кардаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 7 март ба пулис аз гирдиҳамоии як гурӯҳ дар наздики намояндагии Ӯзбакистон хабар расида, аммо пулис дар маҳалли ҳодиса амали хушунатомез дар қиболи диплумотҳоро мушоҳида накардааст.
Ҳушдори Ислом Каримов
Дар ҳамин ҳол, Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, дар иҷлоси фавқулъоддаи шӯрои намояндагони вилояти Тошканд аз "Баҳори араб" ва норизоиятии ҷавонон ибрози нигаронӣ кардааст.
Президент Каримов зимни суханронӣ дар ин иҷлос гуфтааст, бояд дар қиболи ҷавонон муносибати вижа сурат бигирад, зеро ҷавонони даврони Интернет "ҳама чизро дарк мекунанд."
Оқои Каримов гуфтааст: "Имкони эҷоди садд ё девор дар баробари шабакаи Интернет ё мамнӯъ кардани он кори ғайрихирадмандона аст."
Ӯ гуфтааст: "Фикр мекунед, бачаҳои мо ҳама яксон андеша мекунанд? Не. Интернетро баста намешавад. Инро набояд фаромӯш кунем: Интернетро баста намешавад, аз ҷаҳон бо девори фулизӣ ҷудо шудан номумкин аст."
Президент Каримов бетаваҷҷӯҳӣ дар қиболи хосту ниёзҳои ҷавононро аз авомили аслии ҳаводиси ду соли ахир дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ унвон кардааст.
