Гулнора Каримова хабари бемории падарашро рад кард

  • 27 Март, 2013
Каримов
Image caption Хабарҳо мабнӣ бар бемории Ислом Каримов такзиб шуд

Духтари бузурги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, хабарҳо мабнӣ бар сактаи қалби падарашро бепоя хондааст.

Гулнора Каримова дар “Twitter”-и худ дар посух ба суолҳо дар мавриди саломатии падараш навиштааст: “танҳо одами ноқисулақл ин гуна хабарро пахш мекунад.”

Зеро ба навиштаи хонуми Каримова, дар маросими таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар рӯзи 22 март Президент Каримов дар муддати 20 дақиқа рақс кардааст.

“Халқ ҳаракати” (Ҷунбиши мардумӣ), созмони мухолифи давлати Ӯзбакистон, танҳо манбаъест, ки дар бораи сактаи қалби Ислом Каримов хабареро пахш карда буд.

Аммо манобеъи расмии давлати Ӯзбакистон ин иддаъоро такзиб карданд.Қаблан, хабаргузории “РИА Новости” раддияи дафтари раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистонро дар бораи бемори Президент Каримов мунташир карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Оқсарой (Кохи раёсати ҷумҳурӣ) ва Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар ин замина ҳеч гуна ибрози назаре накардаанд.

Одилбек Қайипбергенов, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон, зимни сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар бораи бемории раиси ҷумҳурӣ ибрози беиттилоъӣ кард.

Қаблан низ дар мавриди бемории Ислом Каримови 75-сола хабарҳое пайдо шуда, баъдан ин хабарҳо такзиб шуда буданд.