Дастгирии як марди узбак дар Омрико ба ҷурми ҳамкорӣ бо "гурӯҳи теруристӣ"

Мақомҳои федероли Омрико як шаҳрванди Узбакистонро ба ҷурми ҳамкорӣ бо он чи як гурӯҳи теруристӣ мехонанд, дастгир карданд.
Фазлиддин Қурбонов рӯзи панҷшанбе дар иёлати Ойдоҳу ба занни ҳамкорӣ бо ҳизби Ҳаракати Исломии Узбакистон дастгир шуд.
Оқои Қурбонов ҳамчунин ба доштани маводди лозим барои сохти бумб ва ҳамчунин тавлиди видиюҳои омӯзиши бумбсозӣ муттаҳам шудааст.
Мақомҳои иёлати Юто низ ба таври ҷудогона чандин мавриди иттиҳомро алайҳи вай матраҳ кардаанд.
Яке аз додситонони парванда эълом кард, ки оқои Қурбонов танҳо мазнун аст ва бо дастгириии вай хатаре мардумро таҳдид намекунад.
Бумбгузории моротуни Бустун дар 15 апрел боъиси афзоиши нигарониҳо дар бораи ин гуна ҳамлаҳо дар Омрико шудааст.
Темурланг Сарнаев ва бародараш Ҷавҳар Сарнаев муваффақ шуданд ду бумбро дар маҳалли мусобиқаи моротуни Бустун мунфаҷир кунанд.
Ин инфиҷор ба кушта шудани се нафар ва захмӣ шудани 260 нафари дигар анҷомид.
