Мазнунони бумбгузории Бустун 'қасди ҳамлаҳои бештар' доштанд

  • 22 Апрел, 2013
Image caption Дар Бустун рӯзи якшанбе маросими ёдбуд барои кушташудагон баргузор шуд

Эд Дейвис, раиси пулиси Бустун, мегӯяд Ҷавҳар Сарнаев ва Темурланг Сарнаев, мазнунони бумбгузории моротуни Бустун, қасд доштанд ҳамлаҳои бештареро ба иҷро дароваранд.

Ӯ ба хабаргузории Си-би-эси Омрико гуфт, ки ин ду мазнун бумбҳои дастсози дигареро дар ихтиёр доштанд ва дар ҳинни даргирӣ бо пулис онҳоро ба сӯйи нерӯҳои амниятӣ партоб карданд.

Ба гуфтаи ӯ як гурӯҳи мутахассиси бозҷӯӣ омодаи суол аз Ҷавҳар Сарнаев, бародари кучактар, ҳастанд.

Ҷавҳар Сарнаев ҷумъашаб ба вақти Бустун дар амалиёти таъқибу гурези чандсоъата, дар ҳоле ки дар як қоиқ пинҳон шуда буд, дастгир шуд.

Ӯ дар ҳинни фирор аз пулис ва дар замони боздошт дучори осебҳои ҷисмонӣ шуда ва акнун дар бемористоне дар Бустун таҳти тадобири шадиди амниятӣ ба сар мебарад.

Вазъяти ҷисмонии вай номуносиб эълом шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, пулиси Бустун гулӯла ба гулӯи ӯ исобат кардааст ва мумкин аст ҳаргиз натавонад суҳбат кунад.

Ин дарҳолест, ки чанд расонаи омрикоӣ гузориш кардаанд, ки вай ба ҳуш омадааст ва ба суолҳои пулис ба сурати навишторӣ посух медиҳад.

Ин гузоришҳо ба сурати расмӣ таъйид нашудаанд.

Душанбеи гузашта (15 апрел) дар ҳинни мусобиқаи Моротун дар Бустун, ду бумб мунфаҷир шуда, ки ба кушта шудани се нафар ва маҷрӯҳ шудани 170 нафар анҷомид.

Ҷавҳар Сарнаев ва бародараш Темурланг Сарнаев, ки чеченӣ ҳастанд, тавассути Пулиси Федероли Омрико ва пулиси Бустун мазнунони аслии ин ҳамла шинохта шудаанд.

Темурланг Сарнаев рӯзи ҷумъа дар ҳинни фирор аз пулис кушта шуд.

Як пулис низ ҷони худро аз даст дода ва пулиси дигар захмӣ шуд.

Матолиби муртабит