Дастикам се кушта дар инфиҷорҳои Бустун

  • 16 Апрел, 2013
Image caption Ҳар ду инфиҷор дар наздикии хатти поёни мусобиқа рӯй додааст

Вуқӯъи ду инфиҷор дар наздикии хатти поёни мусобиқаи дави моротуни Бустун ҳадди ақал се кушта ва беш аз яксад нафар маҷрӯҳ ба ҷо гузошт.

Гузоришҳои аввалия ҳокист, ки василаи инфиҷорӣ дар як сатли зубола кор гузошта шуда буд.

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки яке аз кушташудагон кӯдаке ҳаштсола будааст.

Дар пайи вуқӯъи инфиҷор давандагони захмиро ба чодарҳое мунтақил карданд, ки барои кумаки аввалияи пизишкӣ ба ширкаткунандагон дар моротун дар назар гирифта буданд.

Манобеъи пизишкӣ гузориш додаанд, ки теъдоде аз захмиҳои ин ҳодиса дучори нақси узв шудаанд.

Инфиҷори севумӣ ҳам дар китобхонаи Ҷон Кеннедӣ дар чандкилуметрии маҳалли воқеъа рӯй дода, аммо пулис мегӯяд ҳанӯз намедонад оё ин инфиҷор бо инфиҷорҳои хатти поёнии мусобиқаи дави моротун иртиботе доштааст ё на.

Ду инфиҷори аввал ҳудуди ду соъат баъд аз он рӯй дод, ки нафароти аввал аз хатти поён рад шуда буданд.

Дар моротунҳои бузург то соъатҳо баъд аз мушаххас шудани нафароти аввал ҳамчунон иддае ҳастанд, ки аз хатти поён мегузаранд ва ҷамъият ҳам барои ташвиқи онҳо дар канори хатти поён ҳузур доранд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар суханронии кӯтоҳе, ки пас аз вуқӯъи ҳодиса эрод кард,иборати "иқдоми теруристӣ"-ро ба кор набурд, аммо гуфт, ки ин инфиҷорҳо барномарезишуда буданд.

Он тавр, ки расонаҳои омрикоӣ гузориш медиҳанд, омили инфиҷорҳо бумбҳои дастсозе будаанд, ки дар сохти онҳо гулӯла ё сочмаҳои булбринг ба кор рафта буд.

Аз сочма ё мех барои афзоиши талафоти инсонии бумбҳои дастсоз истифода мешавад, зеро пас аз инфиҷор ин аҷсом дар атроф пароканда мешавад ва ба теъдоди бештаре аз ҳозирон дар маҳал осеб мерасонад.

"Бӯйи аҷиб"

Марям, шоҳиди айнии сокини шаҳри Бустун, ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки дар наздикии майдони Коплӣ дар маркази шаҳри Бустун буд, ки садои муҳиби ду инфиҷорро шунид.

Ӯ гуфт: "Дар пиёдарав истода будам. Баъд аз инфиҷор пулис саъй мекард хиёбонҳои мувозии (ҳамростои) Нюберӣ ва Бевилистунро холӣ кунад, то мошинҳои омбулонс ва пулис ба маҳал бирасанд. Ба мардум намегуфтанд, ки чи иттифоқе уфтодааст."

Самиро Носирӣ, донишҷӯйи эронӣ, ки дар Бустун ҳаст, ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки чанд дақиқа баъд аз инфиҷор аз донишгоҳ хориҷ шуд.

Image caption Теъдоди маҷрӯҳон то яксаду сӣ нафар гузориш шудаанд

Ӯ аз бӯйи аҷибе дар фазо суҳбат кард ва аз дуде, ки дар ҳаво буд.

Ба гуфтаи ин шоҳиди айнӣ, ҳангоме ки мехоста дубора ба донишгоҳ ворид шавад, кифҳои донишҷӯён бозрасӣ мешудааст.

Хонуми Носирӣ ҳамчунин аз вазъияти асабии шаҳрвандон суҳбат кард, ки дар метру ба сурати машкуке ба ҳам нигоҳ мекарданд.

Пулиси федерол аз шаҳрвандони Бустун хоста , то дар сурате, ки шоҳиди рафтори машкуке ҳастанд, онро ба пулис гузориш диҳанд.

Баҳмани Калбосӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ, ки дар Бустун аст, гузориш мекунад, ки фазои шаҳр амниятӣ аст. Ӯ гуфт: "То ба ҳол ин теъдод пулисро якҷо надида будем. Онҳо аз чаҳор хиёбон монда ба маҳалли ҳодисаро бастаанд."

Фармондори иёлати Мосочусет гуфта, ки фардо шаҳри Бустун таътил нест, аммо изофа кард, ки беҳтар аст афрод дар хонаҳояшон бимонанд, зеро манотиқи наздик ба маҳалли ҳодиса барои як ё ду рӯзи оянда дар ихтиёри маъмурони пулис хоҳанд буд.

Мақомҳои шаҳр ва ҳамчунин мақомоти давлати федерол аз мардум хостаанд, то дар дастаҳои бузург таҷаммуъ накунанд.

Ба дунболи вуқӯъи ин ду инфиҷор дар шаҳрҳои мухталифи Омрико, аз ҷумла Ню-Йурк ва Вошингтун ва Лус-Онҷелес, тадобири шадиди амниятӣ ба иҷро гузошта шуд.

Расонаҳои омрикоӣ ба нақл аз манобеъи худ аз мазнуне хабар доданд, ки шаҳрванди Арабистони Саъудӣ аст ва пулис аз ӯ дар бемористон бозҷӯӣ мекунад.

Дар як ҷаласаи хабарӣ, ки мақомҳои иёлати Мосочусет баргузор карданд, раиси пулиси Бустун ва намояндаи Эф-би-ой, гуфтанд, ки ҳеҷ мазнуне надоранд, аммо эълом карданд, ки аз иддае машғули суолу ҷавоб ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомҳои иёлатӣ аз рӯзи сешанбе афрод ба сурати иттифоқӣ дар хиёбон мавриди бозҷӯии пулис қарор мегиранд.

"Пешбинӣ накунед"

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ки аз даҳ дақиқа баъд аз вуқӯъи ҳодиса дар ҷараёни он қарор гирифта буд, дар як суханронии телевизиюнӣ ширкат кард ва дар бораи ин моҷаро суҳбат кард.

Ӯ аз тарафи худ ва ҳамсараш аз вуқӯъи ин ҳодиса ибрози нороҳатӣ кард ва гуфт, ки аз ниҳодҳои федерол хоста то дар мавриди ин воқеъа ва кумак ба қурбониён тамоми тадобири лозим иттихоз шавад.

Image caption Теъдоде аз маҷрӯҳон ба чанд адвр амали ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд

Оқои Убомо гуфт, ки ҳанӯз маълум нест чи афроде ба ин кор даст задаанд ва далелашон чӣ будааст.

Ӯ ба ҳамин далел аз мардум хост то "пешбинӣ" накунанд.

Раиси ҷумҳури Омрико ба мардуми кишвараш қавл дод, ки давлат тамоми талоши худро барои ёфтани сабабгорони ин ҳодиса анҷом медиҳад, то онҳоро муҷозот кунанд.

Ба дунболи вуқӯъи ин ду инфиҷор осмони Бустун барои парвози ҳавопаймоҳо баста шуд, аммо баъд аз чанд соъат парвозҳо аз сар гирифта шуд.

Созмони ҳавопаймоии кишварии Омрико гуфт, ки парвозҳо ба фурудгоҳи Бустун дубора аз сар гирифта мешавад, аммо барои муддате бар фарози Бустун маҳдудиятҳои парвозӣ эъмол мешавад.

Аз Риу то Ландан

Илова бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар кишварҳои дигар ҳам инфиҷорҳои Бустун зангҳои хатарро ба садо даровард.

Якшанбеи ҳафтаи оянда дар Ландан қарор аст мусобиқаи моротун баргузор шавад.

Баргузоркунандагони моротуни Ландан гуфтаанд, ки мехоҳанд тадобири амниятии ин мусобиқа ва ҳамчунин маросими гиромидошти Моргорет Точер, нахуствазири пешини ин кишварро бозбинӣ кунанд.

Дар Бразил ҳам баргузоркунандагони улампики Риу гуфтаанд, ки барои баргузории мусобиқаҳои улампик тадобири амниятиро бештар риъоят мекунанд.

Моротуни Бостон яке аз қадимитарин мусобиқоти моротуни дунёст, ки имсол яксаду ҳафтаҳумин давраи он баргузор шуд.

Беш аз 26 ҳазор нафар дар моротуни Бустун ширкат мекунанд, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз кишварҳои дигар ба Омрико омада буданд.

Душанбе дар иёлати Мосочусет таътили расмӣ буд.