Мазнунони инфиҷорҳои Бустуни Омрико шаҳрванди Чечен ҳастанд

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани мазнуни дуввуми бумбгузориҳои моротуни Бустун, ки Ҷавҳар Саранаев ном дорад ва шаҳрванди Чечен аст, дар ҷараён аст.
Пештар пулиси Омрико аз кушта шудани яке аз мазнунони бумбгузориҳои моротуни Бустун, ки Тимурлонг Саранаев номида шуда, хабар дод.
Расонаҳои давлатӣ ба қавл аз Идораи Таҳқиқоти Федероли Омрико (FBI) гуфтаанд, ки ин ду мазнун бо ҳам бародаранд.
Гуфта шуда, ки ин мазнун дар ҷараёни амалиёти таъқибу гурез дар шаҳри Вотертаун, дар 10 килуметрии шаҳри Бустун кушта шудааст.
Дар инфиҷорҳои рӯзи душанбеи 15 апрел, ки дар Бустун дар хатти поёнии моротуни ин шаҳррӯй дод, се нафар, аз ҷумла як писари ҳаштсола, кушта шуданд ва 170 нафар захмӣ шуданд.
Пулис Иёлати Мосочусетс дар Омрико гуфтааст, ки системи ҳамлу нақли умумиро дар Мосочусетс ба ҳолати таълиқ даровардааст.
Ин иқдом пас аз он сурат гирифта, ки пулис амалиёти густардаеро барои ёфтани мазнуни дигари ҳодисаи бумбгузорӣ дар мусобиқоти моротун дар Бустун оғоз кардааст.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, шабакаи қаторҳои зеризаминӣ баста шуда ва утубусҳо фаъъолиятҳояшонро мутаваққиф кардаанд.
Ҳеҷ худраве иҷозаи вуруду хуруҷ ба шаҳри Вотетаунро надорад.
Пулис зимни хатарнок тавсиф кардани мазнуни фарорӣ аз сокинони маҳаллӣ хостааст дар хонаҳояшон боқӣ бимонанд.
Мазнунон ба ҳангоми фарор иқдом ба партоби маводди мунфаҷира ва тирандозӣ ба сӯйи пулисро карданд, ки дар ҷараёни он яке аз нерӯҳои пулис ба шиддат маҷрӯҳ шуд.
Идораи Таҳқиқоти Федероли Омрико пештар аксҳои ду мазнуни бумбгузориҳои моротуни Бустунро дар ихтиёри умум гузоштанд.
Моротуни Бустун яке аз қадимитарин мусобиқоти моротуни дунёст, ки имсол яксаду ҳафтдаҳумин давраи он баргузор шуд.
Беш аз 26 ҳазор нафар дар моротуни Бустун ширкат мекунанд, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз кишварҳои дигар ба ғайр аз Омрико ҳастанд.
