Интишори тасовири мазнунони бумбгузории Бустун

  • 19 Апрел, 2013
Image caption Пулис аз умум хостааст дар сурати шиносоии ин ду нафар ба онҳо наздик нашаванд

Доираи таҳқиқоти Давлати федероли Омрико, Эф-би-ой, аксҳои ду мазнуне, ки моил ба шиносоии онҳо дар таҳқиқоти марбут ба бумбгузориҳо дар моротуни рӯзи душанбеи шаҳри Бустун аст, дар ихтиёри умум гузоштааст.

Тасовири видиюии мадорбаста ду мардро дар наздикии маҳалли ҳодиса нишон медиҳад. Яке аз онҳо кулоҳи бейсболи тира ва дигаре як кулоҳи сафед ба сар дорад.

Ричорд Делурирз, маъмури Эф-би-ой, ба умум ҳушдор дод, ки ба ин ду мард наздик нашаванд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, пештар дар як маросими ёдбуди қурбониён қавл дод, ки сабабгорон муҷозот хоҳанд шуд.

Дар он ду бумбгузорӣ се нафар кушта ва беш аз 170 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки ҷароҳоти бисёре аз онҳо шадид, аз ҷумла шомили қатъи узв буд. Ҳадди ақал 14 маҷрӯҳ, аз ҷумла се кӯдак, дар шароити вахим дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Инфиҷорҳо дар наздикии хатти поёни мусобиқаи моротуни Бустун, ки қадимитарин моротуни ҷаҳон аст, рӯй дод.

Оқои Делурирз баъд аз зуҳри панҷшанбе дар кунфронсе хабарӣ дар ҳутеле дар Бустун дар бораи ду мазнун гуфт: " Мо онҳоро мусаллаҳ ва бисёр хатарнок медонем."

Ӯ гуфт марде, ки кулоҳи сафед дорад ,дар тасовири видиюӣ киферо дар маҳалли инфиҷори дувум дуруст дар баробари ҳутели "Фурум" рӯйи замин мегузорад.

Ӯ гуфт: "Мо касеро, ки дар рестурони "Фурум" буданд, аммо ҳанӯз бо мо тамос нагирифтаанд, қавиан тарғиб ба ин кор мекунем."

Ӯ гуфт, ки Эф-би-ой аз вуҷуди таҳдиди тозае бохабар нест.

Муҳаққиқон ба расонаҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал яке аз бумбҳои Бустун бо як зудпази оганда аз маводди мунфаҷира ва меху булбринг сохта шуда буд.

Ин васоил дар кифҳои сиёҳ ҷосозӣ ва рӯи замин қарор дода шуда буд.

Пештар оқои Убомо дар калисои ҷомеъи Салиби Муқаддаси Бустун гуфт, ки касе дар шаҳр нест, ки дастхуш қарор нагирифта бошад.

Ӯ, ки дар канори раҳбарони шаҳр, сокинон ва қурбониён дар ин маросим ҳозир шуа буд, гуфт: "Ин шаҳр руҳияе қавӣ дорад, руҳияи ин кишвар ҳам қавӣ хоҳад монд."

Ӯ гуфт: "Қасди онҳо тарсондани мо, ҳаросондани мо буд. То ҳоло бояд бахубӣ равшан шуда бошад, ки наметавонанд мардуми ин шаҳрро битарсонанд."

Ӯ дар ҳоле ки ҳуззор каф мезаданд, гуфт ки мусаббибони ҳамла ба муҷозот хоҳад расид.

Ӯ гуфт: "Шуморо хоҳем ёфт ва бояд ҳисоб пас бидиҳед."

Матолиби муртабит