'Мазнунони бумбгузории Бустун дар филми видиюӣ мушоҳида шуда'

  • 18 Апрел, 2013
Image caption Мардум дар шаҳри Бустун дар наздикии маҳалли бумбгузорӣ барои ёдбуди қурбониён гул ва ашёи мухталиф гузоштаанд

Мақомҳои маҳаллӣ дар шаҳри Бустун гузоришҳои мунташиршуда дар бораи боздошти фарди мазнун ба даст доштан дар инфиҷорҳои рӯзи душанбе дар Бустунро рад кардаанд.

Хабаргузории Оссушиэйтед пресс ба шабакаи хабарии Си-си-эн пештар ба нақл аз зобитаҳои қазоӣ аз боздошти як нафар хабар дода буданд.

Пулиси федероли Омрико Эф-би-ой ва пулиси шаҳри Бустун ин гузоришро рад карданд.

Яке аз мақомҳои маҳаллӣ дар Бустун гуфтааст, ки Эф-би-ой тасовири фардеро дар ихтиёр дорад, ки ба бумбгузорӣ мазнун аст.

Ин фард дар ин тасовир дар ҳоле дида мешавад, ки як шайъеро ба замин меандозад, ки эҳтимол дода мешавад яке аз бумбҳо бошад.

Се нафар дар инфиҷорҳои дугона дар наздикии хатти поёни мусобиқаи дави моротуни Бустун кушта шуданд ва бештар аз 170 нафар низ маҷрӯҳ шуданд.

Хабаргузории Оссушиэйтед пресс ба нақл аз Истефен Мурфӣ, раиси Шӯрои шаҳри Бустун, гузориш кардааст, ки тасвири ин фард ба василаи дурбини амниятии як фурӯшгоҳ забт шудааст.

Оқои Мурфӣ гуфтааст, ки аз шиносоӣ ё адами шиносоии ин фард ба василаи пулис муталеъ нест.

Интишори гузоришҳои мутаноқиз боъис шуд, ки рӯзноманигорон ба додгоҳи шаҳри Бустун муроҷиъа кунанд, вале Эф-би-ой бо судури баёнияе эълом кард, ки ҳеч боздоште сурат нагирифтааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, қарор аст панҷшанбеи 18 апрел дар маросими ёдбуди қурбониёни инфиҷорҳои дугонаи Бустун ширкат кунад.

Ӯ аз ин рухдод ба унвони ҳамалоти теруристӣ ном бурдааст.

Ин дар ҳолест, ки корогоҳон дар ҳоли баррасии ҳазорон шайъи мухталиф барои пайдо кардани саринахе аз авомили инфиҷорҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ бахше аз бурди электруники бакоргирифташуда дар сохти яке аз бумбҳо дар он ҷосозӣ шуда буд, пайдо шудааст.

Гуфта мешавад бумбҳо дар зудпазҳои 6-литрӣ ҷосозӣ шуда буданд.

Дар яке аз ин зудпазҳо қатаъоти филиз ва сочма ва дигаре мех коргузорӣ шуда буд.

Ҳеҷ кас масъулияти ин бумбгузориҳоро бар уҳда нагирифтааст.

Як кӯдаки ҳаштсола, як зани 29-сола ва як донишҷӯйи чинӣ дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.

Матолиби муртабит