Ниҳодҳои амниятии Омрико омодаи бозҷӯӣ аз Ҷавҳар Сарнаев ҳастанд

  • 21 Апрел, 2013
Ҷавҳар Сорнойуфи маҷруҳ
Image caption Ҷавҳар Сорнойуф дар асари тирандозӣ дар ноҳияи по ва гардан осеб дида ва пеш аз боздошт хуни зиёде аз даст дода буд

Як воҳиди вижаи маъмурони амниятии омрикоӣ омодаи бозҷӯӣ аз Ҷавҳар Сарнаев, фарди мазнун ба бумбгузорӣ дар масобаи дави моротуни шаҳри Бустун аст.

Ҷавҳар Сарнаев, ки 19 сол син дорад, ҷумъашаб тавассути пулис боздошт шуд.

Темурланг, бародари бузурги ӯ пештар дар амалиёти таъқиб ва гурез тавассути пулис кушта шуда буд.

Ҷавҳар Сарнаев, ки башиддат маҷруҳ аст, дар як бемористон таҳти назари маъмурони мусаллаҳ қарор дорад.

Девол Патрик, фармондори иёлати Мосочусети Омрико гуфтааст Ҷавҳар Сарнаев ҳанӯз қодир ба такаллум нест.

Воҳиди вижаи мавсум ба "Гурӯҳи боздоштиёни арзишманд", ки тавассути маъмурони ожонсҳои амниятии Омрико ташкил шудааст, дар бемористон омодаи таҳвил гирифтани оқои Сарнаев барои бозҷӯӣ аст.

Бар асоси гузоришҳои расида аз шаҳри Бустун Ҷавҳар Сарнаев дар асари тирандозӣ дар ноҳияи по ва гардан осеб дида ва пеш аз боздошт хуни зиёде аз даст дода буд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқибашарӣ аз тасмими давлати Омрико мабнӣ бар оғози бозҷӯӣ аз оқои Сарнаев бидуни ин ки ӯро аз ҳуқуқи тазминшудаи қонунии худ мутталеъ кунанд, интиқод кардаанд.

Тибқи қонун бояд ба афроди мазнун гуфта шавад, ки онҳо аз ҳаққи ихтиёри вакил ва ҳамчунин ҳаққи ихтиёри сукут дар қиболи пурсишҳои бозҷӯён бархурдор ҳастанд.

Бо ин ҳол бархе афроди тундрав аз ҷумла ду сенотури барҷастаи омрикоӣ исрор доранд, ки бояд бо Ҷавҳар Сарнаев ба монанд як "душмани мутахосим" рафтор кард ва бадин тартиб ҳуқуқи расмии шинохташуда барои муттаҳамонро дар хусуси ӯ риъоят накард.

Темурланг Сарнаев, ки 26 сол синн дошт ва бародари кучактараш Ҷавҳар дар синни 19 солагӣ донишҷӯи соли дувуми риштаи пизишкӣ буд, чечентабор буда ва беш аз даҳ сол дар Омрико сукунат доштанд.

Волидайни он ду, ки акнун дар ҷумҳурии Доғистони Русия зиндагӣ мекунанд, мегӯянд фарзандони онҳо бегуноҳ буда ва пулиси Омрико талош дорад ҳамла ба масобаи дави моротунро, ки се кушта бар ҷой гузоштро ба онҳо нисбат диҳад.

Матолиби муртабит