'Мазнунони инфиҷори Бустун дар пайи ҳамла ба Ню-Йурк буданд'

  • 26 Апрел, 2013
Image caption Шаҳрдори Ню-Йурк гуфт Эф-би-ой ба ӯ хабар дода ҳадафи баъдии бародарон Сарнаев Ню-Йурк будааст

Мойкл Блумберг шаҳрдори Ню-Йурк мегӯяд мазнунон ба бумбгузорӣ дар Бустун қасд доштаанд боқӣ маводди мунфаҷираи худро дар Тоймз скверр, майдони аслии шаҳри Ню-Йурк, мунфаҷир кунанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Ню-йурк, Ҷавҳар Сарнаев, мазнуне, ки дар боздошти Эф-би-ой аст, ба пулиси федероли Омрико гуфта ӯ ва бародараш "худ ба худ" ба ин натиҷа расида буданд, "Ню-Йурк ҳадафи баъдии" онҳост.

Реймунд Келӣ, кумиссари пулис, ба хабарнигорон гуфта ду мазнун як бумби зудпазӣ ва 5 бубми лӯлаӣ дар ихтиёр доштанд.

Бумгузориҳои Бустун се кушта ва беш аз 250 маҷрӯҳ ба ҷо гузошт.

Шаҳрдори Ню-Йурк дар як кунфронси хабарии рӯзи панҷшанбе гуфт: "Шаби пеш Эф-би-ой ба нақл аз мазнуне, ки зинда монда, ба мо хабар дод, ки ҳадафи баъдии Ню-Йурк будааст."

Ба гуфтаи Блумберг, Ҷавҳар Сарнаев ва бародараш мехостаанд бо як худрав ба Нй-Йурк биёянд ва бумҳои худро дар сквер мунфаҷир кунанд.

"Дузди ношӣ"

Ба гуфтаи кумиссари пулис, ду бародар қасд доштанд панҷшанбеи гузашта баъд аз дуздидани як худрав ҳамроҳ бо ронандааш аз Бустун ба самти Ню-Йурк биёянд.

Реймунд Келӣ афзудааст: "Вақте ду бародар мутаваҷҷеҳ шуданд худрави дуздидаашон бензини кофӣ надорад ва ба ронанда дастур доданд дар як пумпи бензин дар ҳамон ҳаволӣ таваққуф кунад, барномашон ба ҳам рехт."

Ба гуфтаи кумиссар Келӣ, фирори ронанда ва хабар додани ӯ ба пулис нақшаҳои ду бародарро нақш дар об кардааст.

Дар пайи бохабар шудани пулис аз мушаххасоти худраве дуздӣ баъд аз радёбии ин худрав ва расидани маъмурон тирандозӣ байни ду тараф сурат мегирад, ки дар ниҳоят ба кушта шудани Темурланг Сарнаев мунҷар мешавад.

Мойкл Блумберг аз нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Ню-Йурк ба хотири мутаваққиф кардани ин ҳамла ташаккур карда ва гуфтааст: "Хуб медонем, ки ин ду нафар метавонистанд ҳамлаи худро амалӣ кунанд."

Гуфта мешавад Ҷавҳар Сарнаев бародари кучактар дастикам як бор, пойизи гузашта ба Ню-Йурк сафар карда буд.

Ҷавҳар Сарнаев ҳамакнун дар бемористон таҳти боздошти пулис аст ва расман ба истифода аз силоҳи куштори ҷамъӣ барои куштани мардум муттаҳам шудааст.

Гуфта мешавад Ҷавҳар Сарнаев ибтидо ба пулис гуфта буд баъд аз бумбгузорӣ дар Бустун қасд дошта ҳамроҳ бо бародараш "барои ҷашн гирифтан" ба Ню-Йурк биравад.

Ҷавҳар Сарнаев баъд аз 16 соъат бозҷӯӣ вақте ки ниҳоятан ҳуқуқи маданиашро ба ӯ ёдоварӣ карданд, даст аз ҳамкорӣ бо пулис кашидааст.

Қавонини Омрико эҷоб мекунад ба маҳзи дастгирии як мазнун ҳуқуқи "мориндо" ба ӯ ёдоварӣ шавад, ба ин маънӣ, ки ба ӯ бигӯяд ин ҳаққи муттаҳам аст,ки сокит бимонад ва дархости вакил кунад.

Бо ин ҳама дар мавриде, ки таҳдиди оҷиле вуҷуд дошта бошад, бозҷӯҳо метавонанд то муддате, ки иттилоъоти лозимро аз муттаҳам бигиранд, ин ёдовариро ба таъхир биандозанд.

Оқои Блумберг гуфта ҳеҷ нишонае аз ин ки Ню-Йурк дар ҳоли ҳозир ҳадафи ҳамлае бошад, вуҷуд надорад, аммо таъкид карда барномае, ки бародарон Сарнаев ба он муттаҳам шудаанд, нишон медиҳад ин шаҳр "ҳадафе умда барои касоне аст, ки қасди ҳамла ба Омрико ва куштани мардумашро доранд."

Баъд аз зуҳри панҷшанбе худравҳои пулис дар як намоиши қудрат дар Тоймз сквер ба саф шуданд ва афсарони пулис шона ба шонаи якдигар истодаанд.

Як ҷаҳонгард аз Фаронса ба хабаргузории "Оссушиэйтед пресс" гуфт: "Барои чи ин тавр истодаанд? Масалан мехоҳанд ман бо ин вазъ эҳсоси амният кунам? Ин кор изтироби манро бештар мекунад, мисли ин ки қарор аст иттифоқи баде биафтад."

.

Матолиби муртабит