Солгарди истиқлоли Омрико ҳадафи аввалияи омилони инфиҷори Бустун

Расонаҳои Омрико гузориш кардаанд омилони инфиҷор дар хатти поёни моротуни Бустун дар пайи он будаанд, ки ҳамзамон бо солгарди истиқлоли Омрико даст ба бумбгузорӣ бизананд.
Ин расонаҳо аз як мақоми омрикоии бидуни зикри ном гуфтаанд бародарон Сарнаев сохти бумбҳои худро аз зудтар аз он чи фикр мекарданд, тамом карданд.
Мушаххас нест ин ду нафар чи маҳаллеро дар Бустун барои бумбгузории интихоб карда буданд, вале дар солгарди интиқлоли Омрико маросими мутаъаддиде дар ин шаҳр баргузор мешавад.
Ҳамзамон гузориш шуда пайкари Темурланг Сарнаев, мазнуне, ки дар даргирии мусаллаҳона бо пулис кушта шуда буд, ба хонаводааш таҳвил дода шудааст.
Яке аз сухангӯёни идораи амнияти умумии Мосочусет таъкид карда хонаводаи оқои Сарнаев як ширкати хадамоти тадфинро барои таҳвил гирифтани пайкари фарзанди худ истихдом кардаанд ва ин ширкат рӯзи панҷшанбе пайкари Темурлангро таҳвил гирифтааст.
Иллати марг
Котрин Росел, ҳамсари Темурланг, як рӯз пеш иҷозаи тархиси пайкари ҳамсарашро дода буд.
Руслан Сарнӣ, амуи бародарон Сарнаев, ки дар иёлати Мериланд зиндагӣ мекунад, рӯзи сешанбе гуфта буд хонавода пайкари Темурро таҳвил хоҳанд гирифт.
Мутахассисони пизишкии қонунӣ гуфтаанд далели марги Темур Сарнаев мушаххас шудааст, аммо пеш аз судури гувоҳии фавти ӯ эълом намешавад.
Мушаххас нест, ки то замони таҳвили ҷасад ба ширкати тадфин гувоҳии фавти ӯ содир шуда ё на.
Пулис гуфтааст Темурланг Сарнаеви 26-сола дар пайи даргирии мусаллаҳона бо пулис кушта шуда, аммо дар ҳамин замон Ҷавҳар Сарнаев бародари кучактар, ки савор бар як худрав аз даргирӣ гурехта, бародари худро зер кардааст.
Расонаҳои омрикоӣ мегӯянд Ҷавҳар Сарнаев, ки дар ҳоли ҳозир дар беҳдории зиндон бистарӣ аст, тарҳи бумбгузорӣ дар чаҳоруми июн, солгарди истиқлоли Омрикоро барои маъмурони Эф-би-ойи пулиси федероли Омрико фош кардааст.
Рӯзномаи "Ню-Йрк тоймз" гузориш карда Ҷавҳар Сарнаеви 19-сола ба бозҷӯёни худ гуфта, ӯ ва бародараш дар ибтидо қасди инфиҷори интиҳорӣ доштаанд, аммо тасмимашонро тағйир додаанд ва ду бумби зудпазӣ дуруст кардаанд.
Ба гузориши ин рӯзнома Ҷавҳар ба бозҷӯёнаш гуфта бародараш ба мавъизаҳои Анвар Алавлақӣ, шаҳрванди омрикоии муқими Яман гӯш медода, ки дар соли 2011дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини омрикоӣ кушта шуд.
Агар Ҷавҳар Сарнаев дар бумбгузории Бустун муҷрим шинохта шавад, мумкин аст ба эъдом маҳкум шавад.
Темурланг Сарнаев ҳамроҳ бо ҳамсар ва духтараш дар опортумоне дар Кембриҷи Мосочусет зиндагӣ мекард.
Пулис мегӯяд маводди марбут ба сохти бумбро дар ин опортумон ёфтааст.
Эф-би-ой тамоми шавоҳид, аз ҷумла намунаҳои Ди-эн-ойро аз хонаи волидайни Котрин Росел дар Рудойланд ҷамъоварӣ кардааст. Ҳамсари Темурланг Сарнаев аз замони кушта шудани шавҳар дар ин хона зиндагӣ мекунад.
Вакили хонуми Росел мегӯяд муваккилаш иттилоъе аз фаъъолиятҳои шавҳараш надошта ва бештари вақти худро ба унвони беҳёр (парастор) дар маҳалли кораш мегузарондааст ва ҳамсараш дар манзил аз фарзандонашон нигаҳдорӣ мекардааст.
