Мазнуни инфиҷорҳои Бустун ба зиндон рафт

  • 27 Апрел, 2013
Девинз
Image caption Беҳдории пойгоҳи низомии Девенз ба зиндониҳои давлати федерол, ки ниёзманди хадамоти пизишкӣ ё равонии дарозмуддат ҳастанд, хадамот мекунад.

Пулиси Омрико мегӯяд, Ҷавҳар Сарнаев, мазнуни инфиҷорҳои Бустун аз бемористон ба зиндон мунтақил шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти пулис ин муттаҳами 19-сола аз бемористон ба беҳдории зиндони Форт Девенз дар Мусочуст мунтақил шудааст.

Ҷавҳар Сарнаев аз замони дастгирӣ то кунун дар бемористон бистарӣ буда ва як ҷарроҳии бузургро пушти сар гузоштааст.

Пулис мегӯяд муттаҳам дар шароити муносибе ба сар мебарад ва шабона ба маркази пизишкии федероли Девенз мунтақил шудааст.

Беҳдории пойгоҳи низомии Девенз ба зиндониҳои давлати федерол, ки ниёзманди хадамоти пизишкӣ ё равонии дарозмуддат ҳастанд, хадамот мекунад.

Бисёре аз касоне, ки дар инфиҷори моротуни Бустун захмӣ шуданд, дар маркази пизишкие бистарӣ шуда буданд, ки Ҷавҳар Сарнаев дар он тайи ин рӯзҳо бистарӣ буд ва бино ба гузоришҳо аз ҳузури муттаҳам дар ҳамон бемористон норозӣ буданд.