Марз: Мақомоти зидахл барои бозгашти сокинони Панҷакент музокира мекунанд

  • 13 Июл, 2013
Панҷакент
Image caption Дар чанд соли ахир даҳҳо сокини навоҳии ҳаммарзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистон бо иттиҳоми умури ғайриқонунӣ аз марз боздошт шуаанд ва дар мавориде ҳадафи тирандозии марзбонони ӯзбак қарор гирифтаанд

Раиси ҷамоъати Фарози ноҳияи Панҷакент зимни такзиби хабари нопадид шудани панҷ сокини ин русто гуфт, ки ин афрод тавассути марзбонони узбак боздошт шудаанд ва мақомоти зирабти ду кишвар машғули музокирот барои бозгардонидани онҳо ба Тоҷикистон ҳастанд.

Шамсиддин Баҳриддинов, гуфт ки чаҳор рӯз қабл дар мантақаи Шохбасти ин ҷамоъат панҷ нафар сокинони ин ҷамоъат, Буриев Мардони бознишаста бо писару набераи ноболиғаш ва ҳамдеҳагонаш Мирзошоҳрух Қосимов ва Исрофил Билолов дар ҳоле ки дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ машғули кишоварзӣ ва алафдаравӣ барои чорво будаанд аз ҷониби марзбонони узбак боздошт шуданд.

Оқои Баҳридинов гуфт, ки дар ин минтақа марз миёни Тоҷикистону Узбакистон аломатгузорӣ нашудааст, ва афзуд: "Як теппа ҳаст унҷо, ки ин тарафаш Тоҷикистон ва он тарафаш қаламрави Узбакистон маҳсуб мешавад".

Оқои Баҳриддинов ба нақл аз сокинони дигари деҳа гуфт, ки ба ҳангоми боздошти панҷ нафари мавриди назар дар инҷо гурӯҳи ҳаштнафарие аз сокинони ҷамоъат машғули кор будаанд, аммо замоне, ки аз ҷониби Узбакистон гурӯҳи ҳудуди 20-нафарии низомиён ба маҳалли кори онҳо наздик шудаанд, се нафар аз сокинони ҷамоъати Фароз тавонистаанд фарор кунанд.

Ин дар ҳолест, ки 15-уми июн чаҳор чупон аз ҷамоъати Боғиён ва як нафари дигар аз ҷамоъати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар ин минтақа нопадид шудаанд. Гумон меравад, ки ин афрод низ аз сӯйи марзбонони узбак боздошт шуда бошанд.

Ҳикматулло Исматов, раиси ин ҷамоъат дар сӯҳбати телефонӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳанӯз ҳеҷ посухе аз ҷониби Узбакистон дар мавриди ин афрод дарёфт нашудааст.

Ҳамзамон бо ин чупонҳо 1650 сар гусфанду буз ва 41 сар гову гӯсола низ ноапдид ва ё рабуда шудаанд.

Ҳикматулло Исматов, раиси ин ҷамоъат мегӯяд: “Ба гуфтаи кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон музокираи онҳо дар ин бора бо Ӯзбакистон идома дорад ва гӯё ҷониби Ӯзбакистон изҳори омодагӣ карда, ки ду ноболиғро базӯдӣ раҳо кунанд.”

Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, чанд сол пеш низ марзбонони Ӯзбакистон се сокини деҳаи Хурмии ноҳияи Панҷакентро дар марз боздошт карда ва пас аз як моҳи боздошт онҳоро аз кишвари худ ихроҷ карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, сокинони манотиқи ҳаммарз аз ҳаққи убуру мурури бидуни раводид аз марз барои то панҷ шабонарӯз бархӯрдоранд.

Вале ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, ин муқаррарот дар бархе маворид аз сӯйи марзбонон муроъот намешавад ва сокинони манотиқи марзӣ дар убури “ғайримуҷоз” муттаҳам мешавнад.

Гуфта мешавад, ки дар чанд соли ахир даҳҳо сокини навоҳии ҳаммарзи Тоҷикистон бо Узбакистон бо ин иттиҳом боздошт шуаанд ва дар бархе маворид ҳадафи тирандозии марзбонони Ӯзбакистон қарор гирифтаанд.

Зимнан, Тоҷикистон бо Ӯзбакистон бештар аз як ҳазору дусад килуметр марзи муштарак дорад. Бо гузашти бист сол баъд аз касби истиқлол ин марз то ҳол ба сурати комил аломатгузорӣ нашудааст.

Матолиби муртабит