Узбакистон вогунҳои харобшудаи Тоҷикистонро ҷуброн мекунад

  • 11 Октябр, 2013
қатор
Image caption Дар сонеҳаи қатори Тоҷикистон дар қаламрави Узбкистон чанд вогуни мусофирбар хароб ва даҳҳо мусофир захмӣ шудаанд

Ширкати роҳи оҳани Узбакистон гуфтааст, ки хисороти ношӣ аз сонеҳаи қатори мусофирбарии Тоҷикистон дар ҳаволии Ҷиззахро ҷуброн хоҳад кард.

Дар ин бора Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, масъули муассисаи мусофирбарии ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ иттилоъ дод.

Ин масъули ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" гуфт, ки таҳқиқи сонеҳаи қаторе, ки рӯзи панҷшанбе дар ҳаволии шаҳри Ҷиззахи Узбакистон рух дод, нишон дода, ки ин ҳодисаи нохуш ба далели "иштибоҳи ҷониби Узбакистон" сурат гирифтааст.

Оқои Абдураҳмонов аз шарҳи ин "иштибоҳ" худдорӣ кард, аммо гуфт, ки ҷониби Узбакистон барои ҷуброни ин иштибоҳ розӣ шуда, ки шаш вогунеро, ки дар сонеҳа хароб шуд, комилан таъмир кунад ва ё барои ҷониби Тоҷикистон вогунҳои ҷадид харидорӣ кунад.

Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ гузориш кардаанд, ки ҷониби Узабкистон ба таъмири қисмате аз роҳи оҳан дар масири Душанбе-Конибодом бидуни огоҳ кардани ҷониби Тоҷикистон оғоз кардааст.

Рӯзи панҷшанбеи 9 октябр дар пайи ин сонеҳа, ки дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззах, дар роҳи байни Ҷиззах ва Самарқанд, рух дод, шаш вогуни мусофирбарии қатори тоҷикистонӣ аз масир хориҷ шуданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, пештар гуфта буд, ки дар ин ҳодиса 33 нафар аз низомиён осеб дидаанд. Аммо ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Вай гуфт, ки инҳо аз ҷумлаи 200 нафар аз афсарон ва тозасарбозоне буданд, ки аз Душанбе ба Хуҷанд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон, сафар мекарданд.

Танҳо масири роҳи оҳане, ки манотиқи шимол ва марказии Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, аз қаламрави Узбакистон мегузарад. Бино бар ин, қаторҳои борбар ва мусофирбари Тоҷикистон ночоранд аз ҳудуди ин кишвари ҳамсоя убур кунанд.

Тайи чанд соли ахир аз вуқӯъи сонеҳае ҷиддӣ бо қаторҳои тоҷикистонӣ гузориш нашуда буд, аммо мавориди вуқӯъи чунин ҳаводисе дар роҳҳои оҳани Узбакистон кам набудааст.

Аз сӯйи дигар, "муҳосираи иқтисодии Узбакистон" ва коҳиши теъдоди мусофирони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба лағви бархе аз масирҳои роҳи оҳани ин ширкат мунҷар шудааст.

Матолиби муртабит