Сониҳаи қатор дар Испониё 77 кушта бар ҷо гузошт

Хуруҷи як қатор аз рейл дар шимоли ғарбии Испониё ба кушта шудани дастикам ҳафтоду ҳаф нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 100 нафар мунҷар шудааст.
Ин ҳодиса ба унвони бадтарин ҳодисаи қатор дар 40 соли гузашта дар ин кишвар ёд шудааст.
Ин қатор асри чаҳоршанбеи 24 июл дар масири Модрид ба Ферул дар наздикии шаҳри Сонтиёгу де Кумпустело аз рейл хориҷ шуд.
Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса ҳудуди 220 нафар дар қатор буданд.
Интизор меравад бар шумори кушташудагон ва маҷрӯҳони ҳодиса афзуда шавад.
Расонаҳои Испониё мегӯянд эҳтимолан суръати ин қатор беш аз ду баробари суръати муҷоз будааст.
Мақомот ҳанӯз дар бораи далели ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд.
Қарор аст имрӯз Мориёну Рохуй, нахуствзири Испониё, аз ин минтақа боздид кунад.
Сонтиёгу де Кумпустело, шаҳре мазҳабӣ аст, ки хеле аз мусофирони озими он ба таври маъмул зоирони масеҳӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, Испониё аз назари риъояти масоили эминии хутути роҳи оҳан собиқаи нисбатан хубе дорад.
Хабарнигори Би-би-сӣ меафзояд ин кишвар мақодири ҳангуфтеро дар шабакаи роҳи оҳан сармоягузорӣ кардааст.
Охирин ҳодисаи муҳимми марбут бо роҳи оҳани Испониё ба соли 1972 бармегардад, ки дар ҷараёни он 77 нафар дар ҷануби ин кишвар кушта шуданд.
