Афзоиши фишорҳо барои истеъфои нахуствазири Испониё ба иттиҳоми фасоди молӣ

  • 15 Июл, 2013
Морёну Рохуй
Image caption То пеш аз ифшои матни паёмакҳо, Морёну Рохуй, нахуствазири Испониё иртиботи наздик бо Луис Борсеносро такзиб мекард

Пас аз интишори паёмакҳои радубадалшуда байни Морёну Рохуй, нахуствазири Испониё бо хазонадори собиқи ҳизби Мардум фишор бар давлат барои истеъфо афзоиш ёфтааст.

Интишори ин ахбор дар рӯзномаҳои Испониё мардуми кишварро, ки бо рукуди иқтисодӣ ва бекорӣ мувоҷеҳанд, ба хашм овардааст.

Дар гузориши рӯзномаи Ел Мунду матни паёмаки оқои Рохуй мунташир шуда, ки январи гузашта барои Луис Борсенос фиристодааст: "Луис, мефаҳмам. Маҳкам бош. Фардо баҳат (бароят) занг мезанам."

Луис Борсенос, хазонадори собиқи ҳизби Мардум (ҳизби ҳоким) дар маърази иттиҳомҳои фасоди молӣ қарор дорад, ки аз авоили соли ҷории мелодӣ дар расонаҳои Испониё матраҳ шудааст.

Ӯ ба иттиҳоми фасоди молӣ ва тахаллуфи молиётӣ дар боздошт аст.

Оқои Борсенос, ки қарор аст имрӯз (душанбе 24 тир, 15 июн) дар муқобили қозӣ ҳозир шавад, муттаҳам шуда, ки аз паймонкорони бузурги сохтмонӣ маболиғе мегирифта ва онро байни раҳбарони ҳизб тақсим мекардааст.

Ҳам оқои Борсенос ва ҳам оқои Рохуй ин иттиҳомҳоро такзиб кардаанд.

Чаҳор моҳ пеш Луис Борсенос дар яке аз паёмакҳо ба нахуствазир гуфта буд, ки дигар таъаҳҳуде ба ӯ ва ҳизб надорад.

Рӯзномаи Ел Мунду ҳафтаи пеш муддаъӣ шуд, ки дафотири ҳисобдории оқои Борсеносро ба додгоҳи олӣ таҳвил додааст.

Ҳафтаи гузашта оқои Борсенос пазируфт, ки дастхате, ки дар дафотири ҳисобдорӣ дар бораи баъзе пардохтҳо дида мешавад, дастхати ӯст.

Олфреду Перез Руболкобо, раҳбари ҳизби сусёлист, ҳизби мухолифи давлат хостори истеъфои фаврии оқои Рохуй "бо таваҷҷуҳ ба бесуботии вазъияти сиёсӣ дар Испониё" шудааст.

"Рафтори оқои Рохуй дар ин шароитро хеле сода метавон ин гуна хулоса кард: суқут, дурӯғ ва чизе, ки имрӯз шунидем, табонӣ."

Оқои Борсенос муттаҳам аст, ки 48 миллиюн юру ҳаққу ҳисоб ва пардохтҳои ғайриқонунӣ ба ҳизби Мардумро дар як ҳисоби маҳрамона дар бонке дар Суис (Швейтсария) нигаҳдорӣ мекардааст.

Ба илова, ӯ ва ҳамсараш муттаҳам ҳастанд, ки изҳорномаҳои молиёташон дар солҳои 2002 то 2006 хилофи воқеъ будааст. Борсенос ва ҳамсараш ин иттиҳомро рад мекунанд.

Моҳи гузашта қозӣ ҳукм ба боздошти оқои Борсенос то замони баргузории додгоҳ дод, чун додситонӣ истидлол кард, ки ӯ мумкин аст кишварро тарк кунад.

Матолиби муртабит