Теъдоди кушташудагони ҳодисаи зер гирифтани қатор дар Ҳинд ба 35 нафар расид

  • 19 Август, 2013

Шумори қурбониёни зери қатор мондани зоирони ҳинду дар иёлати Биҳори Ҳинд ба 35 нафар расидааст. Теъдоди қурбониёни ин ҳодиса эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт, зеро гуфта мешавад даҳҳо нафар дар асари ин ҳодиса маҷруҳ шудаанд.

Гуфта мешавад ҳодиса замоне иттифоқ уфтод, ки қатор рӯйи зоирони як маъбади ҳиндуӣ ҳаракат кард.

Ин зоирон пас аз баргаштан аз маъбаде ойини ҳинду дар наздикии он маҳал аз роҳи оҳан мегузаштанд.

Пас аз рух додани ин ҳодиса зоирони хашмолуд вагонҳоро оташ заданд ва истгоҳи роҳи оҳани Дҳамараро ғорат карданд.

Солиёна дар Ҳинд ҳазорон нафар дар тасодумҳои роҳи оҳан кушта мешавад.