35 нафар дар асари бархӯрд бо Қатор кушта шуданд

  • 19 Август, 2013

Дастикам 35 нафар, ки аксраи онҳо аз зоирони ҳинду буданд, дар асари бархӯрд бо қатор дар иёлати шарқии Биҳори Ҳинд кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ин зоирон, ки аз як маросими мазҳабӣ бозмегаштанд, дар ҳоли убур аз рӯйи рейл (рейлс) буданд, ки қатор ба онҳо зад.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ, даҳҳо нафар дар ҷараёни ин сониҳа маҷрӯҳ шудаанд.

Гуфта шуда эҳтимолан бар шумори кушташудаҳо афзуда хоҳад шуд.

Дар пайи ин сониҳа ҷамъияти хашмгин ронандаро мавриди зарбу шатм қарор дода ва ду вогуни ин қаторро ба оташ кашиданд.

Дар ҳоли ҳозир амалиёти наҷот дар ҷараён аст.

Яке аз мақомоти аршади пулиси маҳаллӣ гуфта душвор аст, ки дар бораи шумори куштаҳо оморе ироа кард, ба ин далел, ки бсёре аз аҷсод тика-тика шудаанд.

Мақомоти роҳи оҳан гуфтаанд, ки ин қатори экспресс бо ҳадди аксари суръат дар ҳоли ҳаракат буд.