Кушта шудани муҳоҷире тоҷик дар як истгоҳи қатори Маскав

  • 12 Июл, 2013

Субҳи рӯзи ҷумъаи, 12 июл Абдулназар Абдуласейнов, шаҳрванди Тоҷикистон дар истгоҳи қатори Баковкаи шаҳри Маскав ба қатори баландсуръат бархурд кард ва ҷони худро аз даст дод.

Абдулназар, сокини 32-солаи Тоҷикистон тайи чанд соли ахир ба сурати мавсимӣ ба Русия барои кор мерафт ва бо ҳамдеҳагонаш дар шаҳри Маскав дар бахши сохтмон кор мекард.

Нуриддин Наврузмамадов, яке аз ҳамроҳони ӯ, ки ба ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш бо Абдулназар будааст, ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо аз қатор пиёда шудем ва бояд ба самти муқобили роҳ мегузаштем, ӯ аз ман ду қадам пештар буд. Аз самти муқобил қатор меомад, ман фарёд кашидам, ки дар ҷояш истад, вале ӯ таваҷуҳ накард ва дар лаҳзаи баъдӣ бо қатор бархурд ва аз по уфтод.”

Абдулназар Абдуласейнов сокини водии Бартанги ноҳияи Рӯшон пас аз фариғуттаҳсил шудан аз мактаб ба сурати мавсимӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебурд.