Дархости ҷамъиятҳои кишварҳои Осиёи Миёна аз Владимир Путин

  • 31 Октябр, 2013
Давлатов
Image caption Давлатов: "Тоҷикон набояд "фирефтаи" асноди имзошуда дар мавриди будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаванд

Ҷамъиятҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар Русия аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дархост мекунанд, ки аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонашон дар Русия ҷилавгирӣ кунад.

Дар ин бора ширкаткунандагони ҷаласаи мизи гирде дар шаҳри Маскав, ки иборат аз намояндагони ҷамъиятҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзабкистон ва фаъъолони ҳуқуқи инсон дар Русия буданд, эълом карданд.

Намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятии чаҳор кишвари ҳамсояи Осиёи Миёна, ки шаҳрвандони ин кишварҳо бахши умдае аз муҳоҷирони корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд, дар ин ҳамоиш аз вахим шудани вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русияро нигаронкунанда хонданд.

Ин мизи гирд ба ибтикори Ҳаракати муҳоҷирони Қирғизистон ва масъулони сафорати ин кишвар дар Маскав баргузор шуд ва ширкаткунандагони ин ҳамоиш тасмим гирифтанд, нигаронии худро бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар миён гузоранд.

Абдулло Давлатов, раиси иттиҳодияи тоҷикони Русия, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт мегӯяд, вахим шудани вазъи муҳоҷирони корие, ки аз Осиёи Миёна ба Русия меоянд, дар ҳафтаҳои ахир, мавзӯъи аслии ин ҳамоиш буд.

Ӯ гуфт: "Муроҷиъатномаи мо унвонии Влодимир Путин аз боздоштҳои гурӯҳии муҳоҷирон, нақзи ҳуқуқи онҳо баҳангоми боздошташон ва нақзи ҳуқуқи онҳо аз сӯйи додгоҳҳо баҳангоми судури ҳукми ҳабси муҳоҷирон ибрози нигаронӣ мекунад."

Оқои Давлатов афзуд: "Сиёсатмадорон муҳоҷиронро бозичаи сиёсат кардаанд, ғофил аз он ки ин "бозичаҳо" ҷон доранд ва то абад тоқат нахоҳанд кард."

Раиси иттиҳодияи тоҷикони Русия аз бефаъъолиятии масъулони сафоратхона ва намояндагиҳои марбути давлати Тоҷикистон дар Русия барои кумак ба муҳоҷирон шикоят кард. Ӯ гуфт: "Дар ҳоле, ки мо мебинем масалан чи гуна сафорати Қирғизистон дар сутуҳи боло эътирозҳои худро ба давлати Русия матраҳ мекунад, намояндагони давлати Тоҷикистон ба ҷойи он, ки ба муҳоҷирон кумак кунанд, корашон фақат фурӯши варақаҳо ва асноди сабти ном ва иҷозатномаи кор ба муҳоҷирон аст."

Ба гуфтаи оқои Давлатов ин вазъият "на аз он ҷост, ки онҳо (ҳукумати Тоҷикистон) намехоҳанд вазъи муҳоҷиронро беҳтар кунанд, балки наметавонанд, аз ӯҳдаи кор намебароянд. Хешу таборӣ дар интихоби кодр, фасодзадагӣ ва авлавият доштани ҳадафҳои шахсӣ далели аслии чунин вазъият аст. "

Дар муроҷеъатномаи ширкаткунандагони мизи гирди шаҳри Маскав ба Президент Путин аз ӯ тақозо мешавад, ки вазъи бавуҷудомада барои муҳоҷирон дар пойтахти кишварашро танзим кунад.

Бурис Силаев, раиси созмони "Ҷамъияти дӯстии Қирғизистон" таъкид мекунад, ки "Муҳоҷирон бахши умдае аз нерӯи корӣ дар Русия ҳастанд ва давлати Русия вазифадор аст, барои муҳоҷирони корӣ шароъити дурусти кору зиндагӣ фароҳам кунад, чун ин кишвар ба нерӯи кории 25-милюнӣ ниёз дорад."

Ҳуқуқшиносони рус низ аз мавориди нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии бархе аз онҳо аз Русия бо роҳи баргузории муҳокимаҳои додгоҳӣ ва судури аҳкомашон дар ғиёби муҳоҷирон ибрози нигаронӣ мекунанд.

Тайи ҳафтаҳои ахир, ки миллатгароёни рус дар Русия корзорҳои эътирозӣ алайҳи муҳоҷирон созмон дода ва гузоришҳои ҳамла ба муҳоҷирон дар Русия беш аз пеш нашр мешавад, тедоде аз муҳоҷирони корӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия ба далоили амниятӣ ба кор намераванд.

Дар натиҷа, аз онҷо, ки аксари ҷоругарон дар Маскав муҳоҷирони корӣ будаанд, бархе аз сокинони пойтахти Русия аз касиф шудани пойтахт бидуни муҳоҷирон гила мекунанд.

Бархе аз корбарони руси интернет дар сойтҳои иҷтимоъӣ видиюҳоеро мунташир кардаанд, ки нишон медиҳанд чи гуна ҷоругарони русе, ки дар чанд рӯзи ахир ҷогузини ҷоругарони муҳоҷир шудаанд, дар ҷойи рӯбучини хиёбонҳо машғули майнӯшӣ дар майдончаҳои кудакона ҳастанд.

Бархе дигар бо пахши иттилоъоти мушобеҳ алайҳи миллатгароӣ садо баланд карда ва менависанд, ки шиъори "Муҳоҷирон ба хонаҳои худ баргардед!" - и миллатгароён бояд ба шиъори "Бадмастон ба хонаҳои худ баргардед!" иваз шавад.

Зимнан, рӯзи гузашта сарони идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон прутукул дар бораи тамдиди муддати иҷозаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 сол то ба 3 солро имзо карданд.

Аммо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия мегӯяд, тоҷикон набояд бо ин санад "фирефта шаванд ва чунин пиндоранд, ки акнун онҳоро дар Русия биҳиште мунтазир аст." Вай исрор мекунад, ки "вазъи муҳоҷирон бад аст ва беш аз пеш бадтар мешавад."

Матолиби муртабит