'Нозири аршади беҳдории муҳоҷирон' дар Русия барканор мешавад

Генадий Онишенко, аз симати раиси Идораи назорат ба вазъи беҳдории Русия канор меравад.
Ин амр ба далели сипарӣ шудани давраи ваколати ӯ сурат мегирад. Дар бораи истеъфои эҳтимолии ӯ Олга Голодетс, муъовини нахуствазири Русия ба хабарнигрон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад Анна Попова, ки то ҳоло ба унвони муъовини Генадий Онишенко фаъъолият дошт, ҷогузини ӯ дар симати раис шавад. Аммо худи Онишенко аз шарҳи ин хабар ба хабарнигорон худдорӣ кард ва ба Интерфакс гуфт: "Фарди аҷибе, ки ин ҳарфро гуфта, худ, аз миёни афроди тасмимгиранда нест".
Номи Генадий Онишенкои 63-сола, ки тайи даҳ соли ахъир дар симати раиси Идораи назорати беҳдории Русия фаъъолият дошт, бо қазияҳои мухталифи марбут ба интиқоли колоҳои фурӯшӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Русия баҳамроҳ буд.
Тасмимҳои ӯ, ба унвони муборизи сарсахт бо бемроиҳои мусрӣ борҳо барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва интиқоли маводди ғизоӣ аз Тоҷикистон ба Русия барои фурӯш мушкил эҷод карда ва хабарсоз шуда буд.
Яке аз мавориди ахир, ки дар он номи Генадий Онишенко дахил буд, баҳсҳои баҳори соли ҷорӣ дар бораи қатори мусофирабари масири Душанбе-Маскав буд, ки муъовини нахуствазири Русия ва оқои Онишенко вазъи беҳдории вогунҳоро "ғайри қобили қабул" хонданд.
Бозрасии ин қатори Тоҷикистон тавассути шабакаи давлатии телевизиюни Русия пахш шуда ва дар Русияву Тоҷикистон вокунишҳои шадидуллаҳне дар пай дошт.
Исми ин мақоми ҷанҷолии Русия ҳамчунин бо манъи воридоти шароби гурҷӣ ва мулдовӣ, оби минероли гурҷӣ ва лабаниёти литвониёӣ ба Русия ба ёдгор хоҳад монд.
Аксари мунтақидони Генадий Онишенко гуфтаанд, ки тасмимоти ӯ дар мавриди эҷоди бархе аз маҳдудиятҳо ва манъи воридот дар зарфи даҳ соли ахир, бештар ангезаҳои марбут ба сиёсати берунӣ иртибот доштанд, то ба умури беҳдорӣ.
