Тағйири рӯйкарди расонаҳои Русия ба муҳоҷирони корӣ

  • 22 Октябр, 2013
"Youtube"
Image caption Дар ин навор, ки дар "Youtube" пахш шудааст, шоҳидон навиштаанд, ки ҷавоне, ки кӯдакро аз коми оташ берун кашида, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон будааст

Бархе аз расонаҳои мустақилли Русия ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар бораи моҷарои наҷоти як кӯдак тавассути муҳоҷирони корӣ дар он кишвар матолибе мунташир кардаанд.

Дар видиюе, ки ахиран дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуда, саҳнае аз оташсӯзӣ дар яке аз муҷтамаъҳои маскунӣ дар Русия ва наҷоти як кӯдак аз сӯйи иддае аз афроди раҳгузар мушоҳида мешавад.

Ин ҳодисаро яке аз шоҳидони айнӣ филмбардорӣ карда ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла "Фейсбук" ва "Ютюб", ба иштирок гузоштааст.

Дар ин видию ҷавоне чобук аз девори як сохтмони чандтабақа боло меравад, то худро ба маҳалли оташсӯзӣ дар табақаи севум бирасонад ва кӯдаки хурдсолеро аз коми оташ наҷот диҳад.

Ӯ муваффақ мешавад кӯдакро берун бикашад ва ба самти афроде, ки дар муҳавватаи сохтмон мунтазир буданд, парт кунад. Мардуме, ки шоҳиди рафтори ӯ буданд, бо шӯру ҳарорат ӯро ташвиқ мекунанд.

Торихи интишори ин видию дар "Ютюб" моҳи декабри 2011 сабт шудааст. Зери он шоҳидони айнии оташсӯзӣ навиштаанд, ки наҷотдиҳандаи кӯдаки гирифтор ва афроди дигаре, ки ба ӯ кумак карданд, муҳоҷирони тоҷик будаанд.

Аз се рӯз пеш бад-ин сӯ ин матлаби видиюӣ нақли маҳофили расонаии Русия ва бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна шудааст. Аз ҷумла торнамои Ростбалт.ру бо интишори машрӯҳи ҳодиса аз қавли як шоҳиди айнии рус менависад: “Медонед, вақте ки тамоми манзил дар коми оташ месӯхт, ҷавонони ғайрирус, дарвоқеъ тоҷикон, буданд, ки ба шонаи ҳамдигар по гузоштанд ва ба табақаи севум баромаданду кӯдакро наҷот доданд.”

Ҳамзамон бо интишори ин видию чанд филми дигаре, ки ҳокӣ аз рафтори мушобеҳи намояндагони қавмҳои ғайрирус, аз ҷумла озарбойҷониҳо ва доғистониҳост, мунташир шудааст.

Ин навъи рӯйкарди расонаҳои Русия ба муҳоҷирони корӣ дар он кишвар дар пайи нооромиҳои ахир дар ноҳияи Бирюлеви перомуни Маскав камсобиқа арзёбӣ мешавад.

Иддае аз коршиносони умури муҳоҷират пахши ин матолибро вокуниши расонаҳо ба густариши бегонаситезӣ дар Русия медонанд. Интишори матолиб алайҳи муҳоҷирони корӣ дар Русия аз авомили густариши бегонаситезӣ ва ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ба муҳоҷирон дар ин кишвар ба шумор меояд.

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли мелодии гузашта аҷсоди беш аз як ҳазор тан аз шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба ин кишвар мунтқил шудааст.

Бино ба додаҳои ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" , як созмони мустақил дар Русия, беш аз 80 дарсади ин афрод аз бемориҳои мухталиф ҷон додаанд ва ҳудуди ду дарсади онҳо ба дасти гурӯҳҳои нажодпарасти рус ба қатл расидаанд.

Матолиби муртабит