'Давлат ҳуқуқи интихоботии муҳоҷиронро нодида мегирад'

  • 8 Октябр, 2013
муҳоҷирон
Image caption Муҳоҷирони тоҷик аз ҳаққи ҷамъоварии имзо барои номзадҳои мавриди назарашон маҳрум шудаанд

Тайи чанд ҳафтаи ахир шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз анҷуманҳои тоҷиктабор дар Русия дархости пуштибонӣ аз ҳуқуқашонро мекунанд, афзудааст.

Агар пештар тоҷикистониён дар бораи пайдо кардани ҷойи кор ва ё кумак барои дарёфти санадҳои ҳуқуқӣ ба ин созмонҳо муроҷеъа мекарданд, ҳоло аксари онҳо аз нақзи ҳуқуқи қонунияшон дар заминаи интихобот ғазабнок шуда ва аз созмонҳои тоҷикон дархост мекунанд, ки барои муроҷеъа ба созмонҳои байналмилалӣ кумак кунанд.

Ҳамватанони мо муътақиданд, ки ҳукумати Тоҷикистон амдан ва ғаразмандона ҳуқуқи тоҷикони бурунмарзӣ ба мушорикат дар ҷамъоварии имзоҳо барои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро нақз кардааст.

Дарвоқеъ, тоҷикони бурунмарзӣ ҳаққи чунин талабро низ доранд. Зеро маблағе, ки муҳоҷирони корӣ мефиристанд, яке аз сарчашмаҳои асосии даромади будҷеи Тоҷикистони имруза аст. Танҳо, дар соли 2012 беш аз 3 милёрду 595,2 милюн дулори омрикоӣ аз сӯйи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид карда шуда буд, ки 47 дарсади маҷмӯъи тавлидоти нохолиси дохилиро ташкил дод.

Бояд гуфт, ки ин танҳо маблағи ба таври расмӣ ва тавассути бонкҳо мунтақилшуда асту бас. Дар баробари ин, коршиносон медонанд, ки қисми зиёде аз сармояи муҳоҷирон бо роҳҳои дигар, аз ҷумла ҳамчун маводди ғизоӣ, доруворӣ ва сохтмониву фаннӣ ба ватан фиристода мешавад.

Ин воқеъиятро дар дохили ҳукумат низ медонанд ва, агарчӣ бо эҳтиёту тарс ҳам бошад, эътироф мекунанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон пештар гуфта буд: "Ман дар бораи маблағҳои муҳоҷирин сухан гуфтан намехоҳам, чаро ки ин масъала метавонад тобиши сиёсӣ бигирад."

Баъдан, чун диданд, ки танҳо дар чаҳор моҳи аввали имсол маблағи фиристодаи ҳамватанони бурунмарзӣ нисбат ба ҳамин муҳлати соли 2012 ба миқдори 9,5 милюн дулор бештар шуда ва тамоюл ба афзоиш дорад, рӯйи ин омор муҳри "махфӣ" заданд.

Аҷиб аст, ки Тоҷикистон ягона давлатест, ки ними будҷеаш аз ҳисоби маблағи интиқолии ҳамватанони бурунмарзӣ фароҳам мешавад. Ҳатто агар ҳисоботи расмиро бипазирем, ки шумораи муҳоҷирини кории тоҷик нисбат ба дигар миллатҳо камтар аст.

Масалан, тибқи гузоришҳои Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар феҳристи 30 давлати радаи аввали содиркунандаи нерӯи корӣ ба хориҷ қарор надорад. Аз ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ Арманистон бо 28,2 дарсади ҷамъияташ дар мақоми 17, Гурҷистон бо 25,1 дарсад дар ҷойи 20, Қазоқистон бо 23,6 дарсад дар мақоми 21 ­ва Мулдовӣ бо 21,5 дарсад дар мақоми 26-ум қарор доранд.

Ин гувоҳи он аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик пурмаҳсул ва каммасраф буда, маблағи ба даст овардаашонро ба таври комил ба ватан интиқол медиҳанд.

Пас, чаро ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба чунин манбаъи даромади худ беэҳтиромӣ мекунад ва шаҳрвандони бобаракати худро аз ҳуқуқи конститутсионияшон маҳрум мегардонад? Ин саволест беҷавоб ва мавзӯъест ҳалталаб. Вале, агар ин савол ҷавоб пайдо накард, тахмин меравад, ки фитнабозӣ дар ин мавзӯъ метавонад паёмадҳои нохуше ба дунбол дошта бошад.

Яъне, масъулин бояд барои шаҳрвандони берун аз Тоҷикистон низ шароити ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзади мунтахабашонро фароҳам созанд. Маълум нест, ки чаро Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз истифода аз фанноварии ҳозиразамон ва нерӯи воқеъии созмонҳои тоҷиктабори беруна сарфи назар мекунад ва бо ташкили чанд нуқтаи раъйгирӣ, ки бештар ба мақоли "ба чашм хок пошидан"-ро мемонад, қаноъат мекунад?!

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони бурунмарзии Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирини корӣ, бо истифода аз васоиту васоили фанноварии ҳозиразамон дар самти дарёфти иттилоъот нисбат ба солҳои пеш хеле муваффақ гаштаанд ва биниши сиёсияшон рӯшантар шудааст. Яъне, онҳо барои талаби ҳаққи ҳалоли худ ва ҳуқуқи конститутсионияшон талош ва истодагарӣ хоҳанд кард!

Image caption Пуле, ки муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мефиристанд, тақрибан ниме аз тавлидоти нохолиси дохилии ин кишварро ташкил медиҳад

Дар боло зикр шуд, ки аз рӯйи ҳисоботи расмӣ Тоҷикистон дар рӯйхати 30 давлати аслии содиркунандаи нерӯи корӣ қарор надорад. Агар чунин ҳам бошад, бо ин баҳона ҳукумат ҳуқуқи беэҳтиромӣ ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро надорад.

Оре, шояд шумораи муҳоҷирини тоҷик дар муқоиса бо дигар миллатҳо зиёд набошад, вале на то он ҳадде, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд. Хандаовар аст, ки Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон бо ҷиддият теъдоди муҳоҷирони кориро дар нимаи имсол 635 ҳазор эълон карду бешармона гуфт, ки 362 ҳазор нафар аз онҳо алакай б ватан бозгаштаанд.

Дарвоқеъ, мутолеъот дар 34 минтақаи Русия аз тарафи Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, мулоқот бо муҳоҷирони кориву масъулони давлатии минтақаӣ ва мушоҳидаи ин раванд гувоҳи он аст, ки дар ин кишвар шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки машғули корҳои мавсимӣ ҳастанд, бамаротиб бештар аз он аст, ки масъулони давлатӣ эълон медоранд.

Бо кадом далел гуфтаҳои болоро метавон тақвият кард? Аввал, шумори зиёде аз ҳамватанони мо ба хотири тамдиди будубоши қонунии худ дар Русия ва идомаи фаъъолияти корӣ, аз марзҳои Туркия, Укройн, Чин ва давлатҳои дигар убур мекунанд. Чаро, ки нархи билетҳои ҳавопаймо ба самти Тоҷикистон хеле ва бамаротиб нисбат ба ин кишварҳо гарон аст.

Дувум, на камтар аз 500 ҳазор аз тоҷикистониён ё мақоми душаҳрвандӣ доранд ва ё бо доштани шаҳрвандии Тоҷикистон иҷозаи иқомати доимиро дар Русия пайдо кардаанд, ки ба ин васила аз гирифтани иҷозаи кор ва сабти муваққат озод шудаанд.

Сеюм, қисми дигаре аз ҳамватанони мо, бахусус занону кӯдакон, солҳои сол аст, ки дар Русия бидуни сабти расмӣ ва иҷозаи кор будубош доранд. Аз ин ҷост, ки тарафи Тоҷикистон ва анҷуманҳои тоҷиктабори Русия на як бору ду бор талош кардаанд, ки барои ин қисмат аз муҳоҷирин аз тарафи сохторҳои марбутаи Русия афф эълон шавад.

Давлати Тоҷикистонро мебоист ин омилҳоро ба назар бигирад ва баъд дар мавриди имкони мушорикати шаҳрвандони муҳоҷираш дар корзори интихоботӣ барномарезӣ кунад. Зеро, тасмимоти Русия дар бораи танзими будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва таҳти кунтрули ҷиддӣ гирифтани муҳоҷирони корӣ, чунин паёмаде хоҳад дошт, ки шумори зиёде аз тоҷикистониён аз ин кишвар хориҷ хоҳанд шуд.

Дар мадди аввал, ҳамон се қисмат аз шаҳрвандоне, ки дар боло зикрашон рафт, аз Русия ихроҷ карда мешаванд, ки хеле ранҷидахотир аз ҳукумати Тоҷикистон бармегарданд.

Масъулини давлати Тоҷикистонро лозим буд, ки ҳадди ақал дар корзори пеш аз интихобот нисбат ба шаҳрвандони худ арзи эҳтиром қоил шаванд. Аммо афсус, ки чунин нашуд.

Ҳоло тасмим шудааст, ки дар Русия 24 нуқтаи раъйгирӣ боз шавад. Ба гуфтаи Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, ин нуқтаҳо дар шаҳрҳои Маскав, Сан-Питерзбург, Екатеринбург, Краснодар, Тула, Аштархон, Новгород, Карелия, Хабаровск, Благовешенск ва дигар шаҳрҳо ифтитоҳ хоҳанд шуд.

Бо кадом мантиқ маҳз ин минтақаҳо интихоб шудаанд, номаълум аст. Чаро, ки дақиқан шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Карелия, Новгород (на Нижний Новгород!) ва ё Благовешенск нисбат ба аксарияти минтақаҳои дигар хеле кам аст. Ин як сӯи масъала аст.

Паҳлӯи дигари масъала он аст, ки дар паҳновартарин кишвари дунё, ки иборат аз 82 минтақаи бузург аст ва ҳар як минтақааш чанд баробари Тоҷикистон аст, на камтар аз 1,5 млн шаҳрванди воҷиди шароити раъйи Тоҷикистон будубош доранд. Пас, оё ташкили 24 нуқта кофист?

Дар ҳоле ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарси пулису миллатгароёни рус ва таъмин нашудани одитарин ҳуқуқашон метарсанд аз як кӯча ба кӯчаи дигар гузаранд, оё тавони паси сар кардани садҳо килуметр роҳро доранд, ки дар интихобот ширкат кунанд?

Дар охир, ба маврид аст зикр намоям, ки ҳоло дар рӯи мизи вакилони Думои давлатии Русия пешниҳодҳои тозае мавриди баррасӣ қарор дорад, ки муҷозот нисбат ба муҳоҷирини ғайриқонуниро сангинтар мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки қисми зиёде аз тоҷикистониён дар Русия аз санадҳои қонунӣ сарфи назар карда ва бо иҷрои муқаррароти тоза ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, метавон гуфт, ки интиқоли маблағ дар соли оянда бамаротиб камтар ва вазъи иҷтимоъии онҳо душвортар мешавад.

Матолиби муртабит