Намояи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон

  • 3 Октябр, 2013
 Раҳматиллоҳ Зоиров
Image caption Раҳматилло Зоиров, раҳбари сусиол-демукротҳои Тоҷикистон дар солҳои 2002-2003 мушовири аршади раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури робита бо порлумон ва масоили ҳуқуқӣ буд

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар соли 2002 дар заминаи ҳизби "Адолат ва Тараққиёт", ки фаъъолияти он соли 1999 аз суйи додгоҳ мутаваққиф шуд, таъсис ёфт.

Раҳбарии ин ҳизбро Раҳматиллоҳ Зоиров, ҳуқуқдони 55-сола ба ӯҳда дорад. Профессур Шокирҷон Ҳакимов ва Амният Абулназаров муъовинони вай ҳастанд.

Ин ҳизб ҳоло беш аз 10 000 ҳазор аъзо дорад ва ба гуфтаи масъулони ҳизб беш аз 40 дар сади аъзои ин ҳизб ҷавонон ҳастанд ва Шӯҳрат Қудратов, раёсати бахши ҷавонони ин ҳизбро бар ӯҳда дорад.

Раҳматиллоҳ Зоиров дар солҳои 2002-2003 мушовири аршади раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури робита бо порлумон ва масоили ҳуқуқӣ буд. Ӯ танҳо мақоме дар раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки аз симати худ истефоъ додааст.

Ин ҳизб бештар дар шаҳри Душанбе ва устонҳои Суғду Бадахшон тарафдор дорад.

Сусиол-демукротҳо таъмини адолати иҷтимоъӣ, ҳокимияти мардумӣ, волоияти қонун, озодии баён ва риъояти таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон, бавижа дар робита бо ҳуқуқи башар, мубориза бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ, ислоҳот дар сиёсати кодрӣ, таъйини авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ бо дарназардошти манофеъи миллӣ ҳадафи худ унвон мекунанд.

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла дар марокизи ду вилояти Суғд ва Бадахшон созмонҳои маҳаллии худро таъсис додааст.

Дар ин ҳизб бештар намояндагони қишри фарҳангӣ, кормандони муассисоти илмӣ, ҳуқуқдонҳо ва кормандони арсаи беҳдошт узвият доранд. Миёнгини синну соли аъзои ҳизб 36 сол арзёбӣ мешавад.

Барномаи интихоботии ҳизби сусиёл-демукрот аз чаҳор бахш иборат аст:

  1. Таъмини адолати иҷтимоъӣ дар ҷомеъа,
  2. Барқарор кардани ҳокимияти мардумӣ аз поён ба боло,
  3. Волоияти қонун ва ҳуқуқ,
  4. Эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дифоъ аз он,

Шиъори ин ҳизб "Хирад, адолат ва тараққиёт" аст.

Коршиносони сиёсӣ Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистонро яке аз аҳзоби умдаи мухолиф ба сиёсати мақомоти давлати кунунӣ дар кишвар медонанд.

Дар моҳи июли соли ҷорӣ ташаккули тозае бо номи "Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон" арзи вуҷуд кард, ки Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон яке аз мубтакирони таъсиси он буд.

Аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи дигар, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ, демукротҳо ва сусиёлистҳо аз мубтакирон ва тарафдорони ин ташаккул ҳастанд.

Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон дар анҷумане Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷикро ба унвони номзади ягонаи ин иттиҳод барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр пешниҳод кард.