Зоиров пешниҳоди номзадии Раҳмонро 'нақзи Қонуни асосӣ' хонд

  • 4 Октябр, 2013
Раҳмон
Image caption Оқои Раҳмон барои чаҳорумин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ширкат мекунад

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳизби ҳокими халқи демукротро (ҲХДТ) амале "ғайриқонунӣ" хондааст.

Раҳматулло Зоиров дар ин бора дар баёнияе хитоб ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як "шаҳрванди ҶТ, ҳуқуқшинос" ибрози назар кардааст.

Ин баёния зери унвони "Муроҷиъат ба Эмомалӣ Раҳмон" пас аз зуҳри рӯзи ҷумъаи 4-уми октябр дар сафҳаи оқои Зоиров дар шабакаи Фейсбук ва дар торнамои ҳизби сусиёл-демукрот мунташир шуд.

Оқои Зоиров навишта: "Имрӯз вакилони ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонро боз номзади худ интихоб карданд, ки ин ШИКАСТ ВА ИНКОРИ КОНСТИТУТСИЯ (Қонуни асосӣ) мебошад, азбаски Э. Раҳмон дигар ҳуқуқи номзад ба президент шуданро надорад."

Ин баёния дуруст пас аз он мунташир шуд, ки Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон субҳи рӯзи 4-уми октябр дар анҷумани худ номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, барои чаҳорумин бор ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард.

Пештар Созмони ҷавонон ва Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии қарибулвуқӯъ пешниҳод карда буданд.

Барои бори нахуст нест, ки Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдон ва раҳбари яке аз аҳзоби мухолиф, машрӯъияти номзадӣ ва раёсати оқои Раҳмонро зери суол мебарад.

Вай қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 дар Тоҷикистон низ исрор дошт, ки ширкати дубораи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, номашруъ аст.

Дар баёнияи имрӯзи худ ӯ гуфтааст, азбаски худи оқои Раҳмон дар анҷумани ҳизби худ ҳузур надошт ва пешниҳоди номзадии вай ба раёсати ҷумҳурии оянда дар ғиёби оқои Раҳмон сурат гирифта, "қонуншиканӣ" на аз сӯйи оқои Раҳмон, балки аз сӯйи ҳизби ӯ сурат гирифтааст.

Аммо оқои Зоиров, ки собиқаи тӯлонӣ дар арсаи ҳуқуқ дорад, таъкид кард, ки тибқи қисми дуюми моддаи 42-и Қонуни асосии Тоҷикистон "надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад."

Раҳбари ҳизби сусиёл-демурот хитоб ба Эмомалӣ Рахмон навиштааст: "Бо эҳтиром хоҳиш ва талаб мекунам, ки тибқи моддаи 64-и Қонуни асосии Тоҷикистон, яъне ҳамчун кафили (зомини) Қонуни асосӣ ва арзишҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, ба амали зиддиконститутсионӣ ва ба шикаст ва инкори Қонуни асосӣ роҳ надиҳед!"

Image caption Оқои Зоиров ҳизби ҳокими халқи демукротро ба қонуншиканӣ муттаҳам кардааст

Оқои Зоиров дар поёни баёнияи худ таъкид кардааст: "Вазифаи президентӣ (раёсати ҷумҳурӣ) аз Конститутсия (Қонуни асосӣ), қонуният ва адолати иҷтимоъӣ боло (бартар) шуда наметавонад!"

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар эътилофе бо Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби дигари мухолифи ҳукумати феълӣ ва теъдоде аз гурӯҳҳои мухолиф, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъъоли ҳуқуқи башарро, ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Ойниҳол Бобоназарова, ки эҳтимолан рақиби аслии оқои Раҳмон дар интихобот хоҳад буд, аз он шикоят дорад, ки номзадҳои симати раёсати ҷумҳурӣ аз шароити баробар барои таблиғи худ дар Тоҷикистон бархурдор нестанд.

Ӯ дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Масалан, ҳоло дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оқои Раҳмон ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон рафта, бо мардум дидор ва корхонаю тунел ва сохтмонҳои иҷтимоъиро ифтитоҳ мекунад. Ин ҳам корзори интихоботии ӯ маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки рақибони Раҳмон аз ҷумла, банда, имкони зоҳир шудан дар шабакаҳои телевизиюни давлатиро надорем."

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр, тақрибан як моҳ пас, баргузор мешавад. Дар сурати ширкат дар интихобот, ин чаҳорумин мавриди ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар бисту як соли ҳукуматаш хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон пешниҳоди муҷаддади номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба симати раёсати ҷумҳуриро нишонаи истибдод ва тамаркузи қудрат дар Тоҷикистон медонанд.

Аммо ба гуфтаи онҳо, бо таваҷҷуҳ ба ин ки оқои Раҳмон тайи солҳои ахир маҳбубияташ дар ҷомеъа коста шуда ва ҳимояти хориҷӣ, бавижа Русияро, низ то андозае аз даст додааст, даври ҷадиди ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ барои ӯ душвор хоҳад буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва аз фаъъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бонуфузтарин ҳизби мухолиф, мегӯяд: "Оқои Раҳмон тамоми зарфияти зеҳнӣ ва ақлии худро масраф сохту Тоҷикистонро ба ин рӯз овард. Беш аз ин наметавонад, ҷуз таназзул.

Аммо тарафдорони оқои Раҳмон дар ҳизби ҳокими халқи демукрот нисбат ба ояндаи ҳукумати ӯ ҳамчунон хушбин ҳастанд. Онҳо муътақиданд, ки "роҳбари муъаззами ҳизб" Тоҷикистонро дар ҳафт соли оянда ба кишваре пешрафта ва сарватманд табдил хоҳад дод.

Матолиби муртабит