Пешниҳоди номзадии Раҳмон ба даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ

  • 4 Октябр, 2013
Эмомалӣ Раҳмон
Image caption Дар сурати пирӯзӣ, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли дигар зимоми умурро дар даст хоҳад дошт

Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар анҷумани худ номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриро, муҷаддадан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард.

Оқои Раҳмон тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар даст дошта ва дар сурати пирӯзӣ, боз барои ҳафт соли дигар ба курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон такя хоҳад зад.

Ӯ акнун барои чаҳорумин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад ширкат мекунад. Бисёриҳо имкони номзадии ӯро аз қабл пешбинӣ мекарданд. Камтар касе дар пирӯз эълом шудани оқои Раҳмон дар интихобот тардид дорад.

Анҷумани ҳизби ҳокими халқи демукрот субҳи рӯзи 4 октябр, як рӯз қабл аз зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, дар кохи Филормунии давлатии Тоҷикистон дар ғиёби худи ӯ баргузор шуд.

Раёсати ин анҷуманро Сафар Сафаров, муъовини аввали оқои Раҳмон дар ҳизби халқи демукрот, ба уҳда дошт ва бисёре аз мансабдорон, ки дар ҳизби ҳоким узвият доранд, дар он ширкат доштанд.

Вакилон аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва бархе минтақаҳои дигари Тоҷикистон дар анҷуман суханронӣ карда ва номзадии оқои Раҳмонро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр пешниҳод карданд. Бештари онҳо гуфтанд, ки касе арзандатар аз ӯ барои номзадии раёсати ҷумҳурӣ нест.

"Дарвозаи тилоии Тоҷикистон"

Нахустин вакиле, ки номзадии оқои Раҳмонро пешниҳод кард, Ҷонибек Қозибеков, раиси бахши маҳаллии ҳизби халқи демукрот дар Бадахшон, буд. Ӯ зимни суханронӣ дар анҷуман гуфт, ки суханони раиси ҷумҳур дар бораи ин ки "асри 21 асри Бадахшон аст ва Бадахшон ба дарвозаи тилоии Тоҷикистон табдил мешавад", то кунун амалӣ шудааст.

Image caption Оқои Қозибеков, вакил аз Бадахшон, аввалин нафаре буд, ки номзадии оқои Раҳмонро пешниҳод кард

Дар ҳоле ки ба гуфтаи соҳибназарон, пас аз амалиёти соли гузашта дар Хоруғ, оқои Раҳмон маҳбубияти худро дар миёни мардуми маҳаллӣ дар Бадахшон аз даст додааст, оқои Қозибеков гуфт: "Он овозаҳое, ки гӯё иддае аз ҷавонони Бадахшон сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва сарвари давлатро ҷонибдорӣ намекунанд, асоси воқеъӣ надорад!"

Ҳангоме, ки оқои Қозибеков номзадии оқои Раҳмонро пешниҳод кард, ҳамаи вакилон аз ҷой бархостанду дастзании тӯлонӣ карданд ва парчамҳои ҳизбию аксҳои раисҷумҳур дар толор барафрошта шуданд.

Вакилон аз манотиқи дигари Точикистон низ суханрониҳои мушобеҳе карданд ва хостори пешниҳоди номзадии оқои Раҳмон шуданд. Ҳар гоҳ номзадии оқои Раҳмон пешниҳод мешуд, аҳли толор аз ҷо бархоста ва даст ба ҳам мезаданд, парчамҳо ва аксҳои ӯ барафрошта мешуданд.

Дар васати ҷаласа Сафар Сафаров, муъовини оқои Раҳмон, ки раёсати анҷуманро ба уҳда дошт, аз ҳозирин хост, ки агар ҳарфи гуфтание доранд, бигӯянд. Дар ин фурсат Афзалшоҳ Шодиев, овозхони шинохта, ба пойи минбар рафт ва аз номи ҳунармандон ба ҳимоят аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон суханоне эрод кард.

Вай бо ишора ба сохтмони тунелҳои "Истиқлол", "Шаршар" ва "Чормағзак" гуфт: "Ҳамаи мо шоҳид будем, ки дар "Чормағзак" як нақби нав кушода шуд. Мардум пештар азоб мекашиданд, садҳо одамон дар зимистон он ҷо мемонданд, баъзе фоҷеъаҳо мешуд."

"Ҳамин чиз дар вилояти Суғд низ аз сари мо гузашт. Ман худам шахсан, чун мардум маро зимистону тобистон ба тӯй мебаранд, дар роҳҳо азоб мекашидам. Бахудо, чанд бор овоза карданд, ки Афзалшоҳ дар таги тарма монда, мурдааст, ширкатҳои телефон аз пушти ман пул кор карданд."

"Мардум медонанд киро интихоб кунанд"

Масъалаи дигаре, ки дар анҷумани ҳизби халқи демукрот баррасӣ шуд, дурнамои барномаи ин ҳизб буд, ки Сафар Сафаров қироат кард ва ҳозирин ба иттифоқи оро онро тасвиб карданд.

Image caption Афзалшоҳ Шодиев аз номи ҳунармандон аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кард

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, дар поёни ҷаласа довталабона суханронӣ кард ва аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбаре, ки суботу амният ва озодӣ, аз ҷумла озодии суханро фароҳам кардааст, ном бурд.

Вай аз ҷумла гуфт: "Агар илми имрӯзаи ҷаҳонӣ, на фақат илми Тоҷикистон, қудрати онро медошт, ки дар ҳамин толор, қалби ҳар яки мову шуморо ифода мекард, мазмуну мундариҷаи қалби ҳар яки моро аз нигоҳи ватандӯстӣ, меҳанпарварӣ, самимияти инсонӣ, агар бозтоб медод, аввалин ҷо насиби Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов буд. "

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 3-юми октябр дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Ваҳдат ба сокинони ин минтақа гуфтааст, ки дар бораи пешниҳоди номзадияш ба мақоми президентӣ ҳануз ризоят надодааст ва дар сурати пешниҳод шудан ҳам "мардуми тоҷик медонанд, ки киро интихоб намоянд."

Бино ба гузориши хабаргузории "Озодагон", ӯ гуфтааст: "Дар бораи шахсияти ман агар гап равад, ман фикр мекунам, мардуми кишвар хубу бад, рафтори неку зиштро мефаҳманд. Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда, савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам. Ман ҳоло ваколатам ҳаст."

Эмомалӣ Раҳмон дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллиро аз бузургтарин дастовардҳои тоҷикон дар 20 соли ахир унвон карда ва дар суханрониҳояш бар нақши худ дар истиқрори субот ва рушди иқтисодии кишвар ишораҳо кардааст.

Мансабдорони собиқ

Ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро оқои Раҳмон ба уҳда дорад, дар соли 1994 таъсис ёфта ва то соли 1997 "Ҳизби халқии Тоҷикистон" ном дошт.

Image caption Оқои Убайдуллоев зимни суханронӣ дар дар поёни ҷаласаи ҳизбӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шоистатарин номзад ситоиш кард

Гуфта мешавад, бахши аъзаме аз аъзои ин ҳизб мақомҳои ҳизби кумунисти собиқ ва мансабдороне ҳастанд, ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва камранг шудани нуфузи кумунисм ба ин ҳизб пайвастаанд.

Намояндагони ин ҳизб дар порлумони феълии Тоҷикистон аксарият аз 63 курсии порлумонро доранд. Маҷолиси маҳаллии ин кишвар низ умдатан аз ҷумлаи намояндагони ин ҳизб ташкил шудаанд.

Аҳзоби мухолиф иддаъо доранд, ки ҳизби ҳоким дар интихоботи қарибулвуқӯъ эҳтимолан аз зарфияти мақомоти маҳаллӣ ва манобеъи молии корхонаву ширкатҳо истифода хоҳад кард. Ҳарчанд , масъулони Ҳизби халқи демукрот ин иддаъоро пайваста рад мекунанд.

Дар интихоботи порлумонии соли 2010 Ҳизби халқи демукрот иҷрои тарҳҳои энержӣ ва иртибототро шиъори худ қарор дода ва аз ин роҳ боло бурдани сатҳи зиндагии мардумро ваъда дода буд.

Қарор аст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр, мусодиф бо Рӯзи қабули Қонуни асосии Тоҷикистон баргузор шавад.

Феълан 7 номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд. Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демукрот, Исмоъил Талбаков аз ҳизби кумунист, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусёлист ва Толиб Бухориев аз ҳизби кишоварзӣ афроди чандон шинохташудае нестанд.

Аммо рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҳизби ҳокими халқи демукрот, Созмони ҷавонон ва Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ номзад шудааст, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва номзади эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ба раҳбарии Ҳизби наҳзати исломӣ маҳсуб мешавад.

Матолиби муртабит