ИНИТ дар миёни ду гузина, ки ширинтараш ҳам талх аст...

Имрӯзҳо Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ) шароити бисёр сахтеро таҷруба мекунад. Зеро, муддати замоне, ки барои гирд овардани имзоҳои лозим ҷиҳати ҳузур дар рақобатҳои интихоботии риёсати ҷумҳурӣ барои ҳар кондид таъйин шуда буд, рӯ ба поён аст.
Ва ИНИТ, то ин ҷойи кор, натавониста он мизон аз имзоҳоро, ки беш аз 200 ҳазор то муқаррар шуда, ҷамъ оварад. Ва ё дурусттараш, ҳукумат, бо эҷоди мавонеъи сохтагӣ "ноҷавонмардона" намегузорад ситоди номзади воҳиди ИНИТ имзоҳои лозимро гирд биёварад.
Ҳол, дар баробари ин "ноҷавонмардӣ", ИНИТ чӣ мавзеъе хоҳад гирифт?
Ба назар мерасад, дар шароити кунунӣ, пеши рӯйи ин иттиҳодия ду гузина бештар барои интихоб вуҷуд надорад, ки интихоби ширинтарини онҳо низ талх аст.
Гузинаи нахуст анҷоми навъе "доду ситад" бо ҳукумат ва ҳатто шояд бо шахси раисҷумҳур аст, ки ба эҳтимоли зиёд, кондиди ҳизби ҳоким ҷуз ӯ касе дигар намебошад, то ӯ шахсан "чароғи сабз" бар зердастонаш нишон бидиҳад ва онон мавонеъи сохтагиро аз пеши роҳи ситоди номзади воҳиди мухолифон бардоранд, то ин ситод битавонад дар яке ду рӯз имзоҳои лозимро гирд оварад.
Ба назар мерасад, барои дигар номзадҳое, ки "паёмбарони бе уммат"-ро мемонанд, ин имкон фароҳам шуда, ки "ситод"-и баъзе аз онҳо тавонистааст якшаба беш аз сад ҳазор имзо ҷамъ биёварад. Бад-ин тартиб, замина ва шароити ҳузур барои номзади воҳиди ИНИТ дар рақобатҳои интихоботӣ метавонад фароҳам шавад.
Ба назари нигоранда, баъид нест ҳукумат ва шахси раисҷумҳур, дар сурати матраҳ шудани як чунин пешниҳоде аз сӯйи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб, ба он розӣ бишавад. Чаро ки мувофиқат бо ин тарҳ ва ризоят барои анҷоми якчунин "доду ситад", се фоидаи умда барои ҳукумат ва раисҷумҳур хоҳад дошт: яке ин ки, эътибор ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳифз хоҳад шуд.
Дигар ин ки интихоботи пеши рӯй, бо таваҷҷуҳ ба ҳузури номзади мухолифон дар он, "шаффоф ва озод" баргузоршуда ҷилва хоҳад кард, ки зарурати он барои раисҷумҳури кишвар пӯшида нест.
Ва фоидаи севуме, ки дар сурати таҳаққуқи ин гузина, оиди ҳукумат ва шахси раисиҷумҳур мешавад, он аст, ки пас аз баргузории интихобот, агар барои номзади ИНИТ 2 ё 5 дарсад ва фавқаш 10 дарсад аз маҷмӯъи орои раъйдиҳандагон ихтисос дода шавад, дар он сурат, номзади мухолифон ва аҳзоби сиёсие, ки таҳти чатри ИНИТ вориди корзори интихоботӣ шудаанд, дигар "ҳаққи эътироз" ба натоиҷи интихоботро нахоҳанд дошт.
Чаро ки онҳо, бо анҷоми ин "доду ситад" бо ҳукумат, амалан ин ҳақро аз худ салб мекунанд ва ҳукумат ҳам метавонад ба онҳо бигӯяд, ки шумо натавонистед барои эҳрози шароити ҳузур дар рақобатҳои интихоботӣ, ҳатто ҳудуди 200 ҳазор имзо ҷамъ кунед ва пеши мо омадед, то бароятон имзоҳоро такмил намоем, ҳоло ҳақ доред ба натоиҷи интихобот лаб ба эътироз боз кунед?! Ҳаққи шумо ҷуз он нест, ки аз сандуқҳои раъй берун омада!
Ва аммо ин ки чаро гузиниши ин роҳ барои ИНИТ талх аст - агар онро баргузинад - далелаш бо таваҷҷӯҳ ба ончи дар боло овардам, рӯшан аст. Ба илова, талхтар он ки ИНИТ бо ин кор ҳамон нақшеро дар ин интихобот ифо хоҳад намуд, ки имрӯзҳо номзадҳои аҳзобе, ки тавонистанд якшаба 100-у анде ҳазор имзо гирд оваранд, ифо мекунанд.
Яъне, нақше ҷуз ҳузур дар интихобот ва саҳм гузоштан дар тасвири ин "воқеъият" нахоҳад дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон ба истилоҳ шаффоф ва озод баргузор шудааст.
Ва аммо гузинаи дувум барои интихоб пеши рӯйи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб он аст, ки бо таваҷҷуҳ ба коршиканиҳо ва мавонеъе, ки ҳукумат то ин ҷойи кор дар баробари ситоди номзади воҳиди мухолифон дуруст карда ва воқеъан ҳам ноҷавонмардона рафтор намудааст, ин ситод расман фаъъолиятҳои худро мутаваққиф карда ва интихоботро таҳрим намояд ва номзади мухолифон аз тамомии ҳаводоронаш бихоҳад, то дар интихобот ширкат накунанд.
Интихоби ин гузина аз сӯйи ИНИТ қатъан барои ҳукумат фоҷеъабор хоҳад буд ва шароитро барои раисҷумҳури баъдӣ - ки маълум аст чи касе хоҳад буд - бисёр сахт ва душвор хоҳад кард. Зеро, қатъан номзади ИНИТ, яъне Ойниҳол Бобоназарова, бо эъломи таваққуфи фаъъолиятҳои пеш аз интихоботии худ ва таҳрими интихобот, ин масъаларо бо ниҳодҳои байналмилалӣ дар миён хоҳад гузошт.
Ӯ дар баробари так-таки коршиканиҳое, ки аз сӯйи ҳукумат сурат гирифтанд ва мавонеъе, ки барои ситоди вай эҷод шуданд, сукут нахоҳад кард. Хонуми Бобоназарова, чанд рӯз пеш, дар мусоҳибае, ки бо нашрияи "Фараж" дошт, аз ҷумла гуфт: "Ман аз рӯйи аҳдномаҳои Тоҷикистон, ки ба тасвиб расонидааст, яъне кунвонсиюнҳои байналмилалӣ, муроҷиъат хоҳам кард..."
Вай афзуд: "Медонед, ки ҳар сол 700 нафар аз намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон меоянд. Мо бо ҳамаи онҳо ва сафоратхонаҳо вомехӯрем. Аз ҳамаи он меконисмҳое, ки дорем, истифода мекунем. Пештар ҳам гуфта будам, интихоботе, ки имсол доир мешавад, интихоботи пешина намешавад. Инҷо аллакай як нафар нест, инҷо ду ҳизбест, ки онҳо аз аввал як мавзеъи муъайян доранд. Инчунин, ҷомеъаи маданӣ ҳаст. Инҷо баъдан осон нест, ки ҳамаи онро шиканӣ..."
Албатта, ин кор барои хонуми Бобоназарова ва ИНИТ, танҳо бо таҳрими интихобот имконпазир аст, на дар сурати интихоби роҳ ва гузинаи аввал, вақте ки барои номзади мухолифон 2 ё 5 ва ё фавқаш 10 дарсад аз орои раъйдиҳандагон ихтисос дода мешавад. Чаро? Ба ҳамон далеле, ки дар боло ёдовар шудам.
Ва аммо ин ки чаро гузиниши ин роҳ барои ИНИТ ва бахусус барои Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки ба гуфтаи раҳбараш, тамоми корҳо ва паёмадҳои ин интихобот бар дӯши он бор аст, талх мебошад?
Далелаш он аст, ки ҳукумат бар фишори худ бар ҲНИТ хоҳад афзуд ва ҳатто аз эҳтимол дур нест, то ҷое пеш биравад, ки фаъъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистонро ғайрирасмӣ эълом карда ва онро бибандад.
Ва қатъан Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ инро намехоҳанд. Аз суханони ахири оқои Кабирӣ комилан пайдост, ки ҲНИТ ҳозир нест ба хотири як интихобот, ҳатто бо вуҷуди аҳаммияташ, чунин ҳазинаеро бипардозад. Авлавият барои ҲНИТ дар ҳар сурат, бақо ва идомаи фаъъолияти расмӣ дар чорчӯби қонун дар ҷомеъа аст.
Яъне, агар ҲНИТ миёни ду амр: яке бақо ва идомаи фаъъолияти расмии ҳизб, ҳатто бо вуҷуди рӯбарӯ шудан бо шикасте инчунинӣ дар як интихобот, ва дигарӣ мамнӯъ шудани фаъъолияти расмии ҳизб аз сӯйи ҳукумат ва паёмадҳое, ки ин кор ба дунбол хоҳад дошт, қарор бигирад, қатъан аввалиро тарҷеҳ медиҳад.
