Тақозо аз пулис барои адами мудохила ба корзори интихоботӣ

Раҳбарияти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба кормандони худ дастур додааст, ки ба раванди корзори интихоботӣ дар кишвар мудохила накунанд.
Сойти расмии ин вазоратхона 2-уми октябр хабар додааст, ки аз пулиси тоҷик тақозо шуда, ки ба раванди ҷамъоварии имзо барои пуштибонӣ аз номзадҳои интихоботӣ ва дар ҷараёни таблиғоти интихоботии номзадҳо ба кори онҳо мудохила накунанд.
Ҳамзамон дархост шудааст, ки зимни танзими амнияти шаҳрвандон бояд “хушмуъомила буда ва ҷавонмардиро аз даст надод”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран аҳзоби мухолиф аз вуҷуди мавонеъ дар ҷамъоварии имзо барои пешниҳоди номзадҳои интихоботӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Аз ҷумла раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи неруҳои ислоҳталаби Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст, аз талоши пулис барои ҷилавгирӣ аз ҷамъоварии имзо барои номзади худ шикоят кардааст.
Дар баёнияи ахири ҲНИТ гуфта мешавад, ки чунин монеъагузорӣ ахиран дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Ойниҳол Бобоназарова низ ахиран дар як нишасти матбӯъотӣ аз вуҷуди чунин мавонеъ изҳори нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи вай, “чунин аъмоли мақомоти маҳаллӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон аст ва ин амр монеъгузорӣ дар раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади ҲНИТ аст”.
Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шавад. То ҳол аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ шаш номзади интихоботиро муъаррифӣ кардаанд. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо расман сабти ном нашудаанд.
Дар ҳоле ки аҳзоби мухолиф аз вуҷуди монеъасозӣ дар корзори интихоботӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, то ҳол ҳеҷ яке аз созмонҳои байналмиллалӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ин замина расман изҳорот надодаанд.
Аз сӯйи дигар, таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳушдори ахири раҳбарияти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба кормандони пулис худ далели вуҷуди чунин мавонеъ дар раванди корзори интихоботӣ аст.
