Ҳимояти Эътилофи ақаллиятҳо аз номзадии Раҳмон

Эътилофи аққалиятҳои қавмии Тоҷикистон дар садад аст дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ ба тарафдорӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳад.
Ин тасмим дар ҷаласаи ахири ин эътилоф гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки таъмини суботи дохилӣ, мудоро байни пайравони адёни мухталиф ва талошҳо барои беҳбуди равобити миёни Душанбе ва Маскав аз авомили ин тасмим будааст.
Теъдоди раъйдиҳандагони русзабон дар Тоҷикистон ҳудуди як дарсад аз ҳамаи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Вале ба гуфтаи Виктор Ким, раиси ин эътилоф, онҳо намехоҳанд танҳо нозири ин интихобот бошанд.
Ба Эътилофи аққалиятҳои қавмии Тоҷикистон феълан шаш анҷумани русзабонҳо, тоторҳо, бошқирдҳо, куреиҳо, олмониҳо ва қазоқҳо шомил ҳастанд. Оқои Ким мегӯяд, ки русзабонҳои Тоҷикистон қасд доранд ба гунаи соли 1991 дар интихобот нақши муассире дошта бошанд.
Зимнан, тасмими Эътилофи аққалиятҳои қавмӣ ҳарчанд наметавонад дар натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ асари умдае дошта бошад, вале ба гуфтаи таҳлилгарон, ин амр метавонад ба мақомоти Русия барои пуштибонӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон паёме бошад.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳеҷ як аз номзадҳои интихоботӣ дар бораи мавзӯъи камранг шудани ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон ва ё беҳбуди равобит бо Русия изҳори назар накардааст.
Гузашта аз ин, то ҳол Анҷумани узбактаборони Тоҷикистон, ки бузургтарин ақаллияти қавмӣ дар ин кишвар маҳсуб мешаванд, дар мавриди номзадҳои интихоботӣ мавзеъи худро эълом накардааст. Теъдоди узбактаборони Тоҷикистон беш аз як милюн нафар унвон мешавад.
Як манбаъ аз Анҷумани узбактаборони Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки эҳтимол дорад чунин як тасмиме дар яке аз ҷаласоти ин созмон дар рӯзҳои наздик гирифта шавад.
Соҳибназарон мегӯянд, ки тасмими Анҷумани узбактаборони Тоҷикистон дар натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ асаргузор аст, зеро узбактаборон бахши қобили таваҷҷуҳе аз раъйдиҳандагони кишварро ташкил медиҳанд.
Гузашта аз ин, чунин тасмим метавонад дар оянда ба номзади пирӯз имкон бидиҳад, ки бо Тошканд масоили мавриди баҳсҳоро ба миён гузорад ва музокира кунад.
Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон танҳо созмонҳои рустаборон ва узбактаборон аз имкони расондани таъсири ҷиддӣ дар муборизоти интихоботӣ бархурдор ҳастанд. Ақаллиятҳои дигар аз чунин имконе бархурдор нестанд.
Қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шавад. То ҳол аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ танҳо шаш нафар номзадро муъаррифӣ кардаанд.
