КМИҲ барои таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон 'маблағ надорад'

  • 3 Сентябр, 2013
Ҷаласаи КМИҲ бо аҳзоб
Image caption Дар ҷаласаи КМИҲ бо намояндагони аҳзоб ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ аз тахаллуфоти эҳтимолӣ ибрози нигаронӣ шуд

Раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) мегӯяд, ки ин ниҳод барои таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон маблағ ва имконоти кофӣ надорад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисиюн, дар ин бора рӯзи сешанбеи 3 сентябр дар ҷаласаи ин кумисиюн бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, Созмони ҷавонон ва Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ, ки шуморе аз ҳуқуқдонҳо низ дар он ширкат доштанд, хабар дод.

Оқои Шоҳиён зимни таъкид бар ҷиддияти ин масъала гуфт: "Мутаассифона, мо имрӯз имконоти молӣ надорем, ки рӯйхати ягонаи электрунии марказонишудаи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб диҳем. Ин маблағи хеле зиёдро талаб мекунад."

Ба гуфтаи вай, аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар ин замина таҷрубаи баъзе аз давлатҳои узви Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсудро, ки ба ҳамин систем гузаштаанд, омӯхта ва ба ин натиҷа расидаанд, ки барои роҳандозии ин низом хароҷоти зиёде лозим аст.

Оқои Шоҳиён гуфт: "Барои дар 68 шаҳру ноҳия, се вилоят, шаҳри Душанбе, Кумисиюни марказии интихобот ҷобаҷову ба роҳ мондани воситаҳои техникӣ, барои ба кор даровардани ин систем ва ҷобаҷо кардани маълумотҳо корманд лозим аст, онҳоро маъош додан лозим аст."

"Вақте ки систем ҷобаҷо шуд, бояд дар давоми ним сол ё як сол рӯйхат нав карда шавад, шаҳрвандоне, ки вафот мекунанд, аз рӯйхат бояд хориҷ шаванд, шаҳрвандоне, ки аз ҳудуди Тоҷикистон берун мераванд, бояд рӯйхаташон алоҳида шавад, шаҳрвандоне, ки ба синни 18 мерасанд, онҳо ба рӯйхат ҳамроҳ карда шаванд."

Раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон нагуфт, ки барои таҳияи ин феҳрист чи миқдор сармоя лозим аст, аммо вай афзуд, ки дар ин маврид ин кумисиюн аз бархе созмонҳои байналмилалӣ дархости кумак карда, вале посухи мусбат нагирифтаст.

Image caption Оқои Шоҳиён басароҳат эълом кард, ки КМИҲ барои таҳияи феҳристи ягонаи электруники интихобкунандагон маблағ надорад

Оқои Шоҳиён гуфт: "Мутаассифона, созмонҳои байналмилалӣ, вақте ки суҳбат мекунем, камтарак худдорӣ мекунанд. Дар Мулдовӣ барои роҳандозии ин систем ҳам Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ҳам Барномаи Тавсеъаи СММ, ҳам Федеросиюни Байналмилалии Системҳои Интихоботӣ ва чанд созмони дигар кумак карданд. Дар Укройн барои роҳандозии ин систем беш аз 10 милюн дулор харҷ карданд."

Таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон ҳосили тавсеъаи фанновариҳои ҷадиди роёна аст, ки имрӯзҳо дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ шудааст. Коршиносони умури интихобот ин системро барои таъмини шаффофият ва коҳиши тақаллуботи интихоботӣ бисёр муҳим медонанд.

Зимнан, намояндагони аҳзоби мухолифи давлат мегӯянд, ки надоштани сармояи кофӣ барои худдории Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ аз таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон "баҳонае беш нест."

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳатто харҷи 10 милюн дулор барои роҳандозии ин систем маблағи зиёде нест.

Вай дар суҳбате ҷудогона бо Би-би-сӣ пас аз ҷаласаи Кумисиюни марказии интихобот гуфт, ки барои рӯйдоде ба ин андоза муҳим, монанди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад, давлат намебоист чунин маблағеро дареғ дорад.

Оқои Ҳакимов афзуд: "Дар сурати доир шудани интихоботи демукротик ва мутобиқ бо мавозини байналмилалӣ, ин хароҷот даҳҳо маротиба афзуда ва дар шакли сармоя ба кишвари мо бармегардад."

"Системи шаффофи интихоботӣ эътибори байналмилалии кишварро боло мебарад ва сармоягузорон сармояи бештаре ба кишвар ворид мекунанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мешавад."

Муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот муътақид аст, ки ин амр барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, зеро тарҳҳои бузурги иқтисодии ин кишвар, аз ҷумла тарҳҳои энержӣ, бидуни вуруди сармояи хориҷӣ қобили иҷро нахоҳанд буд.

Вай худдории КМИҲ аз таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагонро баёнгари "надоштани иродаи сиёсӣ" барои баргузории интихоботи шаффоф ва демукротик хонд. Оқои Ҳакимов афзуд, ки роҳандозии ин систем манофеъи гурӯҳҳои ҷудогона дар дохили ҳокимиятро, ки аз манобеъи давлат барои муносиботи фасодомез истифода мекунанд, ба хатар меандозад.

Image caption Оқои Ҳакимов гуфт, ки худдории КМИҲ аз таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон баёнгари "надоштани иродаи сиёсӣ" барои баргузории интихоботи шаффоф аст

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва аз фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ, низ муътақид аст, ки надоштани имконоти молӣ барои таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон тавҷеҳи қобили эътимоде нест.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки ин систем аз вуҷуди тахаллуфоте монанди раъйгирии такрории як нафар, раъй додани як нафар ба ҷойи афроди дигар, сирқати орои интихобкунандагон дар замони натиҷагирӣ аз интихобот ва навоқиси дигар дар ҷараёни интихобот ҷилавгирӣ мекунад.

Аз сӯйи дигар, Шокирҷон Ҳакимов муътақид аст, ки яке аз сабабҳои худдории созмонҳои байналмилалӣ аз кумак ба Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон истифодаи ғайримуассир аз ин маболиғ аз сӯйи ин кумисиюн дар гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот, дар ҷаласаи рӯзи сешанбе эълом кард, ки ин кумисиюн талош меварзад бо фаъъолияти бештар ва муассиртар барои сабт ва таҳияи феҳристи интихобкунандагон ва бо "хона ба хона, ҳавлӣ ба ҳавлӣ гаштани" аъзои кумисиюн набуди системи электруникро ҷуброн кунад.

Вай гуфт, ки Кумисиюни марказии интихобот ҳамчунин бо истифода аз родию, телевизиюн ва нашрияҳо аз мардум хоҳад хост, ки дар сурати тахаллуфот ё иштибоҳоте дар ин замина базудӣ шикоят кунанд ё лоақал дар рӯзи интихобот оянду асомии худро ба феҳрист ворид кунанд.

Оқои Шоҳиён гуфт Тоҷикистон қасд дорад дар оянда системи таҳияи феҳристи ягонаи электруники интихобкунандагонро роҳандозӣ кунад. Ин систем дар сурати роҳандозӣ ба таври доимӣ рӯзомад хоҳад шуд, аммо ин кор танҳо дар шароите шуданист, ки манобеъи молӣ фароҳам шавад.

Матолиби муртабит