Рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом шуд

  • 30 Август, 2013
Порлумон
Image caption Дар иҷлоси муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон таърихи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро эълом шуд

Рӯзи 6 ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи тасвиби Қонуни асосии кишвар таҷлил шуда ва ин рӯз дар Тоҷикистон таътил маҳсуб мешавад.

Иҷлоси муштараки маҷолиси Миллӣ ва Намояндагони порлумони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 30 август дар ин замина мусаввабае тасвиб кард.

Замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ва ба иттифоқи орои аъзои ду маҷлис ба тасвиб расид.

Оқои Зуҳуров, ки дар мавриди нақши мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ин кишвар суҳбат мекард, гуфт, ки давлати Тоҷикистон шароити лозим барои баргузории интихоботи озод, шаффоф ва демукротики раёсати ҷумҳуриро фароҳам хоҳад кард.

Интихоботи қаблии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2006 баргузор шуда буд ва дар он Эмомалӣ Раҳмон барои бори сеюм баранда шуд.

Дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии солҳои 1994 ва 1999 низ оқои Раҳмон бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯз шуда буд.

Дар солҳои 1999 ва 2003 Қонуни асосии Тоҷикистон ислоҳ ва муддати раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид шуд. Дар натиҷа, ҳеч монеъе барои интихоби пайиҳами як нафар ба ин мақом вуҷуд надорад.

Интизор меравад, дар интихоботи соли ҷорӣ низ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони номзад ширкат карда ва муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2020 тамдид кунад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол аҳзоби мухолифи давлат дар мавриди пешниҳоди номзади ягона ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба тавофуқ нарасидаанд.

Аъзои Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), ки ташаккуле тоза аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлат аст, бо тасвиби Кунсепсиюни интихоботии худ дар ҷаласаи рӯзи 24-уми август бар сари нукоти калидии барномаи номзади ягонаи мухолифин тавофуқ карданд.

Ин кунсепсиюн дастури аслӣ барои таҳияи барномаи интихоботии номзади ягонаи мухолифони давлати Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии пойизи соли ҷорӣ хоҳад буд.

Дар назар аст, дар авоили моҳи оянда номзади ягона мушаххас ва дар анҷуманҳои аҳзоби сусиёл-демукрот ва наҳзати исломии Тоҷикистон дар 17-уми сентябр таъйид шавад.

Бар асоси кунсепсиюни тасвибшуда яке аз таъаҳҳудоти аслии номзади ягонаи ИНИТ ин хоҳад буд, ки ӯ дар сурати пирӯзияш ислоҳоти ҷиддие дар Қонуни асосӣ барои коҳиши давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ анҷом хоҳад дод.

Номзади мухолифон дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ҳамчунин бояд дар муддати чаҳор сол шароит барои баргузории интихоботи дигари раёсати ҷумҳурӣ ва порлумониро фароҳам кунад.

Матолиби муртабит