Номзади ҳизби кишоварзӣ иддаъои пирӯзӣ дар интихобот кард

  • 6 Май, 2013
Кумисиюни Марказии Интихобот
Image caption Масъулони Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон гуфтанд, ки натоиҷи ниҳоии интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи интихоботии рақами 39 баъд аз зӯҳри душанбеи 6 май эълом хоҳад шуд

Зайниддин Сафаров, номзади Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон эълом кард, ки дар интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони ин кишвар пирӯз шудааст.

Бино ба иддаъои оқои Сафаров, ӯ дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи рақами 39, ки навоҳии Восеъ, Темурмалик ва Балҷовонро дар бар мегирад, бо касби беш аз 74 дарсади раъй баранда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Табаров, сухангӯйи Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИТ), субҳи душанбеи 6 май, ба Би-би-сӣ гуфт, натоиҷи ниҳоии шумориши оро дар ин ҳавзаи интихоботӣ баъд аз зӯҳри имрӯз дар ҷаласаи КМИТ эълом хоҳад шуд.

Пас аз раиси ноҳияи Восеъ таъйин шудани Рустам Латифов, намояндаи порлумони Тоҷикистон, барои курсии холӣ дар порлумон дар ҳавзаи интихоботии рақами 39 интихоботи миёндаврӣ эълом шуд.

Дар ин ҳавзаи интихоботӣ Раҷаби Мирзо, хабарнигори мустақил, Зайниддин Сафаров, муъовини раиси Ожонси давлатии амволи вижаи Тоҷикистон ва узви Ҳизби кишоварзӣ, Ибодулло Неъматов, раиси ҷамъоти Мичурини ноҳияи Восеъ ва узви Ҳизби халқи демукрот ва Ҷӯрабек Қурбонов, раиси бахши ҳифзи иҷтимоъии минтақаи Кӯлоб ба унвони номзад дар ин6тихоботимиёндаврӣ ба порлумони ин кишвар сабти ном шуданд.

Баъдан оқои Қурбонов номзадиашро фаро хонад ва аз муборизоти интихоботӣ хориҷ шуд.

Дар интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 5 май баргузор шуд, дар ин ҳавзаи интихоботӣ беш аз 80 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Матолиби муртабит